https://sputnik.tj/20221229/nakhustin-parvoz-shirkati-jazeera-airways-dushanbe-1053908821.html
Нахустин парвози ширкати ҳавоии “Jazeera Airways” ба Душанбе
Нахустин парвози ширкати ҳавоии “Jazeera Airways” ба Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар масири Ал-Кувайт-Душанбе-Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд, иттилоъ додааст “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”
2022-12-29T20:40+0500
2022-12-29T20:40+0500
2022-12-29T20:40+0500
дар тоҷикистон
кувайт
парвоз
ҳавопаймо
фурудгоҳ
ширкати ҳавоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_5aac075de1a7efbd1b965993130b56f2.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, нахустин парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати “Jazeera Airways” сурат гирифтааст.“Ҳавопаймо соати 17:42 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад ва пас аз 1 соату 30 дақиқа ба Ал-Кувайт бармегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.Мусофирони нахустин парвозро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, Менеджери минтақавии кишварҳои Халиҷи ширкати “Jazeera Airways” ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шудааст.Мақомоти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки пас аз ифтитоҳи ин хатсайр шумораи сайёҳон аз ҳар ду тараф меафзояд ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ тақвият ёфта, ин омил ба гардиш ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд.Қайд карда шудааст, ки шурӯъ аз 29 декабр, парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ба нақша гирифда шудаанд.Ширкати “Jazeera Airways”, ки соли 2004 ташкил шудааст, дорои тақрибан 20 ҳавопаймои Airbus 320 ва Airbus 321 мебошад.
https://sputnik.tj/20210112/Safiri-toik-nomai-Rustami-Emomaliro-ba-raisi-malisi-uvayt-rasonid-1032608281.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_bfde5324eb1489359f30081e2109c1ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кувайт, парвоз, нахустин, фурудгоҳ, душанбе, ширкати ҳавоӣ
тоҷикистон, кувайт, парвоз, нахустин, фурудгоҳ, душанбе, ширкати ҳавоӣ
Нахустин парвози ширкати ҳавоии “Jazeera Airways” ба Душанбе
Ахиран дар масири Ал-Кувайт-Душанбе-Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд, иттилоъ додааст “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, нахустин парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати “Jazeera Airways” сурат гирифтааст.
“Ҳавопаймо соати 17:42 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад ва пас аз 1 соату 30 дақиқа ба Ал-Кувайт бармегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мусофирони нахустин парвозро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, Менеджери минтақавии кишварҳои Халиҷи ширкати “Jazeera Airways” ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки пас аз ифтитоҳи ин хатсайр шумораи сайёҳон аз ҳар ду тараф меафзояд ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ тақвият ёфта, ин омил ба гардиш ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд.
Қайд карда шудааст, ки шурӯъ аз 29 декабр, парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ба нақша гирифда шудаанд.
Ширкати “Jazeera Airways”, ки соли 2004 ташкил шудааст, дорои тақрибан 20 ҳавопаймои Airbus 320 ва Airbus 321 мебошад.