Сафири тоҷик номаи Рустами Эмомалиро ба раиси маҷлиси Қувайт расонид

© Вазорати корҳои хориҷӣМулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода
Мулоқоти  Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамчунин ба раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзод номаи табрикотӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзода номаи табрикотии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро ба Марзуқ Алӣ ал-Ғоним, ки тоза раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт интихоб гардид, расонд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гузориш додааст.

Вид на город Эль-Кувейт сверху - Sputnik Тоҷикистон
Амири нави Қувайт савганд ёд кард

Гуфта мешавад, чанде пеш, 10 январ раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт.

"Дар мулоқот ҷонибҳо тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумониро баррасӣ намуда, перомуни вазъияти минтақа ва ҷаҳон табодули афкор намуданд", - афзудааст вазорат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин  сафир номаи табрикии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Марзуқ Алӣ ал-Ғоним ба муносибати аз нав интихоб гардидани ӯ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Давлати Қувайт супорид.

Лентаи хабарҳо
0