https://sputnik.tj/20221229/mahsulot-kofi-taftish-raisi-viloyati-sugd-bozori-panjshanb-1053912706.html
Маҳсулот ба қадри кофист: Тафтиши шахсии раиси вилояти Суғд аз бозори "Панҷшанбе"
Маҳсулот ба қадри кофист: Тафтиши шахсии раиси вилояти Суғд аз бозори "Панҷшанбе"
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд бо талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозорҳо тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд мебошад
2022-12-29T21:25+0500
2022-12-29T21:25+0500
2022-12-29T21:25+0500
дар тоҷикистон
суғд
бозор
хуҷанд
панҷшанбебозор
раҷаббой аҳмадзода
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1d/1053912511_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_034beae5528477fd9d9194a22b747f64.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ахиран раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз бозори марказии "Панҷшанбе" хабар гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Тибқи иттилои манбаъ, мақсади шиносоӣ аз бозори "Панҷшанбе" ин ошнои бо нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ мебошад.Зимни боздид раиси вилоят мушоҳида кардааст, ки дар бозори марказии шаҳри Хуҷанд маҳсулоти озуқаворӣ фаровон буда, аксари маводи ниёзи аввал истеҳсоли дохилӣ мебошад.“Ба талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозор тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд буда, сокинон маводи зарурии худро харидорӣ мекунанд”,- гуфт ӯ.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ раиси вилоят аз растаҳои гуногуни бозори "Панҷшанбе" боздид карда, ба масъулини мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон дастур дод, ки аз ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулот дар шабу рӯзҳои солинавӣ ҷилавгирӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20221228/dar-sughd-hamagi-12-maubu-ishtirokchiyoni-jangi-buzurgi-vatani-boqi-mondaast-1053866586.html
суғд
хуҷанд
панҷшанбебозор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1d/1053912511_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_f810b9c2088c63ec8988a8b4e110a955.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маҳсулот, тафтиш, раиси вилоят суғд, бозор, панҷшанбе
тоҷикистон, маҳсулот, тафтиш, раиси вилоят суғд, бозор, панҷшанбе
Маҳсулот ба қадри кофист: Тафтиши шахсии раиси вилояти Суғд аз бозори "Панҷшанбе"
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд бо талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозорҳо тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд мебошад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ахиран раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз бозори марказии "Панҷшанбе" хабар гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, мақсади шиносоӣ аз бозори "Панҷшанбе" ин ошнои бо нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ мебошад.
Зимни боздид раиси вилоят мушоҳида кардааст, ки дар бозори марказии шаҳри Хуҷанд маҳсулоти озуқаворӣ фаровон буда, аксари маводи ниёзи аввал истеҳсоли дохилӣ мебошад.
“Ба талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозор тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд буда, сокинон маводи зарурии худро харидорӣ мекунанд”,- гуфт ӯ.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ раиси вилоят аз растаҳои гуногуни бозори "Панҷшанбе" боздид карда, ба масъулини мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон дастур дод, ки аз ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулот дар шабу рӯзҳои солинавӣ ҷилавгирӣ намоянд.