https://sputnik.tj/20221228/dar-sughd-hamagi-12-maubu-ishtirokchiyoni-jangi-buzurgi-vatani-boqi-mondaast-1053866586.html
Дар Суғд ҳамагӣ 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст
Дар Суғд ҳамагӣ 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар дидор бо собиқадорони меҳант гуфт дар вилоят чанд иштирокчиёни ҶБВ ва нафароне, ки ақибгоҳ кору хизмат карда боқӣ мондааст
2022-12-28T21:35+0500
2022-12-28T21:35+0500
2022-12-28T21:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
ҷбв
собиқадорони ҷбв
маъюб
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1c/1053866431_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_499648390071464c2ca089cc931eed94.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тиқбқи иттилои Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд то 1 декабри соли 2022 - юм 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.Ҳамчунин дар вилоят 17 нафар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орденҳо ва медали "Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудаанд ва 86 нафар, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, зиндагӣ мекунанд.Дар вилоят ҳамзамон бештар аз 11 ҳазору 150 нафар собиқадорони меҳнат зиндагӣ дорад.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор бо собиқадорони меҳнат гуфт, ки ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази диққати муассисаҳои табобатӣ, Шӯроҳои собиқадорони вилоят ва мақомити шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.Вай гуфт, дар ин раванд, солҳои охир дар вилоят бобати таъминоти собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати имтиёзнок ба осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад.Вай илова кард, ки дар соли равон аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо 139 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то ин дам 91 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатии худро барқарор намуданд.Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа раиси вилоят ба собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
https://sputnik.tj/20221228/sughd-sarmoya-khoriji-jalb-1053859379.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1c/1053866431_76:0:1213:853_1920x0_80_0_0_f02f863bd848c13ab636aa88fe2f70ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, дар маъюб, иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ, боқӣ ақибгоҳ
тоҷикистон, суғд, дар маъюб, иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ, боқӣ ақибгоҳ
Дар Суғд ҳамагӣ 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст
Мақомоти вилояти Суғд ахиран дар дидор бо собиқадорони меҳант гуфт дар вилоят чанд иштирокчиёни ҶБВ ва нафароне, ки ақибгоҳ кору хизмат карда боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тиқбқи иттилои Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд то 1 декабри соли 2022 - юм 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст.
Ҳамчунин дар вилоят 17 нафар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орденҳо ва медали "Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудаанд ва 86 нафар, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, зиндагӣ мекунанд.
Дар вилоят ҳамзамон бештар аз 11 ҳазору 150 нафар собиқадорони меҳнат зиндагӣ дорад.
“Дар вилоят 370 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Миқдори умумии нафақагирон 240 ҳазору 750 нафар буда, беш аз 11 ҳазор нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд”, - хабар додаанд масъулини вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор бо собиқадорони меҳнат гуфт, ки ҳифзи саломатии собиқадорони ҷангу меҳнат дар маркази диққати муассисаҳои табобатӣ, Шӯроҳои собиқадорони вилоят ва мақомити шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.
Вай гуфт, дар ин раванд, солҳои охир дар вилоят бобати таъминоти собиқадорони ҷангу меҳнат бо роҳхати имтиёзнок ба осоишгоҳҳои вилоят ва ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад.
Вай илова кард, ки дар соли равон аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо 139 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то ин дам 91 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатии худро барқарор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин ҷаласа раиси вилоят ба собиқадорони меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.