Аз иҷрои нақшаи буҷет то таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ: натиҷаҳои Маҷлиси ҳукумат

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаМаҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Дар Душанбе бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси охирини ҳукумат дар соли 2022 баргузор шуд, ки дар он иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Таҳти раҳбарии раисҷумҳури Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба тадбирҳои иҷрои Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023”, ки аз рӯйи он Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Кишвардори Тоҷикистон ба аъзои ҳукумати кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳо барои таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳои буҷети давлатӣ дар соли 2023 дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Раҳмон гуфт чигуна метавон дар зарфи панҷ сол аҳолиро пурра ба кор таъмин кард
Аз ҷумла эМомалӣ Раҳмон супориш дод, ки барои дарёфи роҳу усулҳои нави иҷрои нақшаи андоз ва буҷетӣ давлатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ҷалби шаҳрвандон ба меҳнати фоиданоки дастӣ, аз қабили тиллошӯйӣ дар қаламрави мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида шавад.
“Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки дар як давраи кӯтоҳ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат беш аз 7000 нафар барои тиллошӯйи иҷозатнома гирифта, ба ин намуди меҳнати фоиданок ҷалб шудаанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа аъзои ҳукумати нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023-ро баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки Нақшаи кории ҳукумати Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакатро барои давраҳои минбаъда фаро мегирад.
Мабаъ илова кардааст, ки баъди муҳокима дар маҷлиси ҳукумати кишвар Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон дар маҷлис “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028, Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2023-2026 ва дигар масъалаҳои рӯзнома баррасӣ шуданд.
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2022
Раҳмон зери чанд қонун имзо гузошт
Президенти Тоҷикистон дар ин маҷлис ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулон барои таъмини саривақтӣ ва босифати нишондиҳандаҳои асосии Паёми раисҷумҳур ба Маҷлиси Олӣ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар солҳои оянда дастуру супоришҳои мушаххас додаааст.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар бораи таъмини фаъолияти самарабахши иншооти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, махсусан иншооти роҳу нақлиёт, барқу алоқа ва муассисаҳои иҷтимоӣ дар фасли зимистон, таъминоти аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногун бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти неруи барқ, супориш дод.
Вай ба мақомот дар бораи сарфакорона истифода бурдани барқу гармӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо, пешгирӣ кардани ҳолатҳои сухтор ва риояи қатъии талаботи қонунгузории мамлакат доир ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон супориши қатъи додааст.
Лентаи хабарҳо
0