https://sputnik.tj/20221224/rahmon-qonun-imzo-1053766381.html
Раҳмон зери чанд қонун имзо гузошт
Раҳмон зери чанд қонун имзо гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Қонунҳое, ки зери он роҳбари давлат имзо гузошт, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ мусоидат... 24.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-24T12:59+0500
2022-12-24T12:59+0500
2022-12-24T12:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қонун
имзо
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102694/12/1026941209_73:123:1132:719_1920x0_80_0_0_60d305b4861a511c03cf3d0eb0b4702e.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат як рӯз пас аз ироаи паёми солона ба парлумони кишвар, чанд қонунро ба тасвиб расонд.Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зери қонун "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" -ро тасвиб кард.Ҳамчунин, роҳбари давлат қонун "Дар бораи савдои электронӣ"- ро низ имзо кард. Ин қонун ба хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст. Бо тасвиб шудани ин қонун минаъд ҳуқуқ ва манфиатҳои одамоне, ки ба савдои электронӣ машғуланд ҳимоя мешавад.Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат ҳамзамон зери қонун "Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” низ имзо гузоштааст. Ин қонун ба дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илму техника ва дар маҷмӯъ барои саноатикунонии босуръати кишвар равона шудааст.Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз сӯи президент имзо шуд. Гуфта мешавад, кодекси мазкур бо назардошти талаботи замони муосир, дигаргунӣ ва пешравиҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳия ва қабул гардидааст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 декабр, Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба парлумон ироа кард. Суханронии ӯ 2 соату 30 дақиқа давом кард. Ин яке аз тӯлонитарин суханрониҳои кишвардор буд.
https://sputnik.tj/20221223/payom-prezident-tojikiston-parlumon-pakhshi-mustaqim-1053714982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102694/12/1026941209_158:0:1073:686_1920x0_80_0_0_829fcbaba336fd1ccb6ede904cafc4f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, қонун, имзо, сиёсат
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, қонун, имзо, сиёсат
Раҳмон зери чанд қонун имзо гузошт
Қонунҳое, ки зери он роҳбари давлат имзо гузошт, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат як рӯз пас аз ироаи паёми солона ба парлумони кишвар, чанд қонунро ба тасвиб расонд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зери қонун "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" -ро тасвиб кард.
"Ин қонун ба тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву филокорона ба ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқалдамоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст", - тавзеҳ додааст котиботи президент мӯҳтавои қонуне, ки кишвардор зери он имзо гузошт.
Ҳамчунин, роҳбари давлат қонун "Дар бораи савдои электронӣ"- ро низ имзо кард. Ин қонун ба хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.
Бо тасвиб шудани ин қонун минаъд ҳуқуқ ва манфиатҳои одамоне, ки ба савдои электронӣ машғуланд ҳимоя мешавад.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат ҳамзамон зери қонун "Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” низ имзо гузоштааст. Ин қонун ба дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илму техника ва дар маҷмӯъ барои саноатикунонии босуръати кишвар равона шудааст.
Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз сӯи президент имзо шуд. Гуфта мешавад, кодекси мазкур бо назардошти талаботи замони муосир, дигаргунӣ ва пешравиҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 декабр, Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии солонаи худро ба парлумон ироа кард. Суханронии ӯ 2 соату 30 дақиқа давом кард. Ин яке аз тӯлонитарин суханрониҳои кишвардор буд.