https://sputnik.tj/20221227/nazorat-khizmatrasoni-sayohon-furudgoh-guzargoh-1053811598.html
Қабулу гусел дар сатҳи баланд: Таҳкими назорати хадамот ба сайёҳон дар марзу фурудгоҳҳо
Қабулу гусел дар сатҳи баланд: Таҳкими назорати хадамот ба сайёҳон дар марзу фурудгоҳҳо
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз ин ва баъд хизматрасонӣ ба сайёҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорат карда мешавад
2022-12-27T09:03+0500
2022-12-27T09:03+0500
2022-12-27T09:39+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
назорат
фурудгоҳ
гузаргоҳ
гузаргоҳи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089631_0:200:1921:1280_1920x0_80_0_0_2e03721235f65b8970c0fb265c794a3d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои беҳтар кардани хизматрасониҳо ба сайёҳони хориҷӣ гурӯҳи корӣ ташкил кардаст. Тибқи иттилои манбаъ ин гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пеш мебарад.Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни ҳамоиш, гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута барои таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба қабулу гусели меҳмонон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.Қайд гардидааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.“Дар 5 соли охир ба ҷумҳурӣ беш аз 3,9 млн нафар, аз ҷумла соли 2022 ҳудуди 1 млн сайёҳ ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли равон 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуданд”, - иттилоъ додааст Кумита. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд. Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20221117/tavsea-hamkori-eron-tojikiston-sayyohi-1052901571.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046089631_46:0:1753:1280_1920x0_80_0_0_aa27fa3e3ac898e1c6370ab7e5ccde94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, назорат, фурудгоҳ, гузаргоҳ, гардишгарӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, назорат, фурудгоҳ, гузаргоҳ, гардишгарӣ
Қабулу гусел дар сатҳи баланд: Таҳкими назорати хадамот ба сайёҳон дар марзу фурудгоҳҳо
09:03 27.12.2022 (Навсозишуда: 09:39 27.12.2022) Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки минбаъд хизматрасонӣ ба сайёҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорат карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон барои беҳтар кардани хизматрасониҳо ба сайёҳони хориҷӣ гурӯҳи корӣ ташкил кардаст.
Тибқи иттилои манбаъ ин гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пеш мебарад.
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки зимни ҳамоиш, гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута барои таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба қабулу гусели меҳмонон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.
Қайд гардидааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.
“Дар 5 соли охир ба ҷумҳурӣ беш аз 3,9 млн нафар, аз ҷумла соли 2022 ҳудуди 1 млн сайёҳ ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли равон 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуданд”, - иттилоъ додааст Кумита.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.
Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.