https://sputnik.tj/20221227/mask-prezident-vokunish-sohibkor-medvedev-1053818566.html
Маск президент мешавад? Вокуниши соҳибкор ба пешгӯии Медведев
Маск президент мешавад? Вокуниши соҳибкор ба пешгӯии Медведев
Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии президентшавии Илон Маск дар интихоботи ИМА дар ҳолест, ки ин соҳибкор қаблан азмаш барои истеъфо аз роҳбарии "Twitter"-ро баён дошт
2022-12-27T09:45+0500
2022-12-27T09:45+0500
2022-12-27T09:59+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
илон маск
дмитрий медведев
пешгӯӣ
има
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047379080_0:58:3059:1778_1920x0_80_0_0_835ebb1b35008187c1701117234edbf3.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ, Илон Маск ба пешгӯиҳои муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев барои соли 2023 вокуниш нишон дода, ин рӯйхатро "эпикӣ" номид.Маск ин нуктаро дар саҳифааш дар "Twitter" таъкид намуда, саҳифаи Медведевро низ зикр кардааст. Соҳибкор ҳамчунин хостори ёдрас шудани ин пешгӯӣҳо ба ӯ дар як соли баъд шудааст. Қаблан Медведев барои соли 2023 "пешгӯии футуристӣ" дода буд, ки тибқи он қимати нафт барои як бушка то 150 доллар ва нархи газ то 5 ҳазор доллар барои як ҳазор метри мукааб боло меравад. Ҳамчунин бар асоси пешгӯии Медведев, Иттиҳоди Аврупо аз ҳам мепошаду дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷанги шаҳрвандӣ оғоз мешавад. Дар чунин ҳол Маск дар интихоботи дохилии ИМА пирӯз мегардад, гуфт Медведев. Эҳтимоли гузаштан ба кори ҷадид дар соли нав дар ҳолест, ки қаблан Маск дар пайи як назарпурсӣ азмаш барои истеъфо аз мақоми роҳбари "Twitter"-ро баён дошт. Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ ба Маск кор дар мақоми президенти ИМА пешниҳод шуда буд. Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет изҳор дошта буд, ки президенти нави ИМА бояд соҳибкори амрикоӣ Илон Маск бошад. Ин пешниҳод дар пайи он он садо дод, ки соҳибкори амрикоӣ дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина бо нигоҳ доштани Қрим дар ҳайати Русия ва баргузории ҳамапурсии такрорӣ таҳти назорати СММ дар вилоятҳои Донбасс, Херсон ва Запороже пешниҳод карда буд.Дар пайи ин вакили Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки одамоне ба мисли Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Ҷо Байден, ки кишварро ба як золим ва қотили байналмилалӣ табдил дод.
https://sputnik.tj/20221201/medvedev-ukrain-dushman-rusiya-1053210345.html
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047379080_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_772ce0132dcc295784ab64dd8ed43985.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, илон маск, пешгӯӣ, медведев, сол
вокуниш, илон маск, пешгӯӣ, медведев, сол
Маск президент мешавад? Вокуниши соҳибкор ба пешгӯии Медведев
09:45 27.12.2022 (Навсозишуда: 09:59 27.12.2022) Пешбинии президентшавии Илон Маск дар интихоботи ИМА дар ҳолест, ки ин соҳибкор қаблан азмаш барои истеъфо аз роҳбарии "Twitter"-ро баён дошт
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Миллиардери амрикоӣ, Илон Маск ба пешгӯиҳои муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев барои соли 2023 вокуниш нишон дода, ин рӯйхатро "эпикӣ" номид.
Маск ин нуктаро дар саҳифааш дар "Twitter" таъкид намуда, саҳифаи Медведевро низ зикр кардааст. Соҳибкор ҳамчунин хостори ёдрас шудани ин пешгӯӣҳо ба ӯ дар як соли баъд шудааст.
Қаблан Медведев барои соли 2023 "пешгӯии футуристӣ" дода буд, ки тибқи он қимати нафт барои як бушка то 150 доллар ва нархи газ то 5 ҳазор доллар барои як ҳазор метри мукааб боло меравад.
Ҳамчунин бар асоси пешгӯии Медведев, Иттиҳоди Аврупо аз ҳам мепошаду дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷанги шаҳрвандӣ оғоз мешавад. Дар чунин ҳол Маск дар интихоботи дохилии ИМА пирӯз мегардад, гуфт Медведев.
Эҳтимоли гузаштан ба кори ҷадид дар соли нав дар ҳолест, ки қаблан Маск дар пайи як назарпурсӣ азмаш барои истеъфо аз мақоми роҳбари "Twitter"-ро баён дошт.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ ба Маск кор дар мақоми президенти ИМА пешниҳод шуда буд.
Вакили Думаи давлатӣ аз минтақаи Қрим Михаил Шеремет изҳор дошта буд, ки президенти нави ИМА бояд соҳибкори амрикоӣ Илон Маск бошад.
Ин пешниҳод дар пайи он он садо дод, ки соҳибкори амрикоӣ дидгоҳи худро дар бораи ҳалли низоъ дар Украина бо нигоҳ доштани Қрим дар ҳайати Русия ва баргузории ҳамапурсии такрорӣ таҳти назорати СММ дар вилоятҳои Донбасс, Херсон ва Запороже пешниҳод карда буд.
Дар пайи ин вакили Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки одамоне ба мисли Маск бояд президенти Иёлоти Муттаҳида шаванд, на мисли Ҷо Байден, ки кишварро ба як золим ва қотили байналмилалӣ табдил дод.