https://sputnik.tj/20221226/yordamchi-prezident-tojikiston-sanadi-muhim-tahiya-1053795348.html
Ёрдамчии президент: Дар Тоҷикистон 7 санади муҳим таҳия мешаванд
Ёрдамчии президент: Дар Тоҷикистон 7 санади муҳим таҳия мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои пешрафт дар самти шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон, истеҳсолоту саноат ва истифодаи замин барномаҳои ҷадид рӯи даст гирифта мешаванд
2022-12-26T13:50+0500
2022-12-26T13:50+0500
2022-12-26T13:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
санад
таҳия
ёрдамчии президент
паём
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039280064_0:0:1864:1049_1920x0_80_0_0_d3a752981a218b8deb6061b39b7ccd1b.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон як консепсия, як стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатии ҷадид таҳия хоҳанд шуд. Дар ин бора ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масъалои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода бо нашри як матлаб дар "Ховар" хабар додаст. Ӯ паёми ахири президентро ба парлумон хулоса карда, тавзеҳ дод, ки мақомоти кишвар ба таҳияи кадом санадҳо машғул хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, Консепсияи мудофиаи миллӣ Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ таҳия хоҳанд шуд. Ёвари раисҷумҳур инчунин 5 барномаи давлатиро ном бурд, ки дар Тоҷикистон дар пайи паёми президент таҳия хоҳанд шуд. Дар ин феҳраст Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо зикр шудаст. Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат, аз санадҳои дигарест, ки таҳия хоҳад шуд. Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Тоҷикистон санади сеюм аст, ки аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо омода мешавад. Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон низ дар феҳрасти асноди давлатии таҳияшаванда номбар гардиданд.
https://sputnik.tj/20221223/dastur-prezident-metal-garonbaho-tojikiston-1053716860.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/06/1039280064_308:0:1736:1071_1920x0_80_0_0_cf6cda34cb6f30cdf4dab3e8c2b47059.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, тоҷик, барнома, таҳия, рушд
мақомот, тоҷик, барнома, таҳия, рушд
Ёрдамчии президент: Дар Тоҷикистон 7 санади муҳим таҳия мешаванд
Дар Тоҷикистон барои пешрафт дар самти шуғли аҳолӣ, кор бо ҷавонон, истеҳсолоту саноат ва истифодаи замин барномаҳои ҷадид рӯи даст гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон як консепсия, як стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатии ҷадид таҳия хоҳанд шуд.
Дар ин бора ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар масъалои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода бо нашри як матлаб дар "Ховар" хабар додаст.
Ӯ паёми ахири президентро ба парлумон хулоса карда, тавзеҳ дод, ки мақомоти кишвар ба таҳияи кадом санадҳо машғул хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи ӯ, Консепсияи мудофиаи миллӣ Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ таҳия хоҳанд шуд.
Ёвари раисҷумҳур инчунин 5 барномаи давлатиро ном бурд, ки дар Тоҷикистон дар пайи паёми президент таҳия хоҳанд шуд.
Дар ин феҳраст Барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо зикр шудаст.
Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои давраи миёнамуҳлат, аз санадҳои дигарест, ки таҳия хоҳад шуд.
Барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл дар Тоҷикистон санади сеюм аст, ки аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳо омода мешавад.
Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёна аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва Барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон низ дар феҳрасти асноди давлатии таҳияшаванда номбар гардиданд.