Зард карда меоранд, ҷавоҳирот нест: Дастури президент барои рушди заргарӣ дар Тоҷикистон

© PixabayЗолото, ювелирные украшения
Золото, ювелирные украшения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон сатҳу сифати маҳсулоти заргарию ҷавоҳиротеро, ки ба мамлакат аз хориҷ ворид карда мешаванд, паст арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Коркарди металҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон то маҳсулоти ниҳоӣ ба кор андохта шавад, дастур дод раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паёмаш ба парлумон.
Ӯ аз вуруди маҳсулоти зиёди заргарӣ ба кишвар зикр намуда, изҳор дошт, ки на ҳамааш аз металҳои гаронбаҳо сохта шудаанд.
На ҳамааш ҷавоҳирот аст, мақомоти мо дуруст назорат намекунанд, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи президент, баъзан маҳсулотро зард карда меоранд, аммо чанде пас сиёҳ мешавад.
Парламент Республики Таджикистан на ежегодном обращении Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Интиқоди президент аз нафси баду тафаккури бюрократии баъзе раисон
Барои таъмини ниёзи мардум ба маҳсулоти заргарию содироти он ба хориҷи кишвар президент супориш дод, ки коркарди то 3 тон металҳои қиматбаҳо дар Душанбе ба роҳ монда шавад.
Президент мақомотро муваззаф намуда ба масъалаи истихроҷи коркарди металлҳои ранга, аз қабили сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо таваҷҷуҳ диҳанду барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани онро таҳия ва амалӣ созанд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, сурма метали стратегӣ буда, Тоҷикистон аз нигоҳи захираи он дар ҷаҳон ҷойи аввал мегирад. Вай зарурати истифодаи ин захираю зарфиятҳоро барои рушди саноати кишвар таъкид намуд.
Лентаи хабарҳо
0