Санҷишгарон дар Тоҷикистон камтар мешаванд

© Lukas / pexelsМужчина в пиджаке, архивное фото
Мужчина в пиджаке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон тағйироти ҷадид ба қонун дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Дар Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" қабул шуд, ки ҳадафи он дастгирии соҳибкорон арзёбӣ мешавад.
Бар асоси тағйирот мақомоти санҷишӣ кам мегарданд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода.

"Тибқи он шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 23 мақомот дар доираи қонун муқаррар гардида, ба танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳад кард", - таъкид намудаст Қодирзода.

Ӯ илова намудаст, ки ин иқдом идомаи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъо­лияти субъект­ҳои хоҷагидор, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки тағйирот ба қонун барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон, инчунин маҳдуд кардани ваколатҳои санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад.
Парламент Республики Таджикистан на ежегодном обращении Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Интиқоди президент аз нафси баду тафаккури бюрократии баъзе раисон
Аз ҷумла ваколатҳои мақомоти санҷишӣ дар соҳаҳои ҷангал, шикор ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, забон ва истилоҳот, идораи замин ва геодезӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он, назорати техникаи кишоварзӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маҳдудтар гардидаст.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон муътақид аст, ки тағйироти мазкур ҷолибияти кишварро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни давлатҳои ҳамсоя бештар мегардонад.
Лентаи хабарҳо
0