https://sputnik.tj/20221226/maqomdoroni-tojik-amali-murojiat-1053788600.html
Муҳлати сабти ширкату соҳибкор дар Тоҷикистон 1 шабонарӯз муқаррар шуд
Муҳлати сабти ширкату соҳибкор дар Тоҷикистон 1 шабонарӯз муқаррар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуданд, ки барои анҷом додани бисёре аз хадамоти давлатӣ ба мақомдорон 24 соат дода шуд
2022-12-26T09:45+0500
2022-12-26T09:45+0500
2022-12-26T09:45+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
соҳибкор
сабт
андоз
кумитаи андоз
дар шабонарӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031865339_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_74b30a5f7c22a0b1370797b7d3194df0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон аз 3-5 рӯзи корӣ то ба 24 соат кам карда шуд. Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ворид карда шуд. Муовини раиси Кумитаи андози назди Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода зимни шарҳи тағйирот гуфт, раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар боз ҳам сода гардонда мешавад. "Мувофиқи принсипи "Равзанаи ягона" муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт ӯ.Дар баробари ин барои анҷоми чандин хадамоти дигари давлатӣ низ як шабонарӯз муқаррар шудааст. Дар ин феҳраст аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо, таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ зикр шуданд. Инчунин ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар муҳлати то 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз сабукиҳои дигар мебошад. Ҳамин тариқ феълан шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон мебошад. Ба иттилои расмӣ, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба 339 ҳазор расидаст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20221223/intiqod-prezident-nafsi-bad-raison-1053717218.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/08/1031865339_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_fa231e74c7a3a518f32194e44592e977.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомдорон, муҳлат, расидагӣ, муроҷиат, мақомот
мақомдорон, муҳлат, расидагӣ, муроҷиат, мақомот
Муҳлати сабти ширкату соҳибкор дар Тоҷикистон 1 шабонарӯз муқаррар шуд
Ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуданд, ки барои анҷом додани бисёре аз хадамоти давлатӣ ба мақомдорон 24 соат дода шуд
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатии шаҳсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон аз 3-5 рӯзи корӣ то ба 24 соат кам карда шуд.
Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" ворид карда шуд.
Муовини раиси Кумитаи андози назди Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода зимни шарҳи тағйирот гуфт, раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар боз ҳам сода гардонда мешавад.
"Мувофиқи принсипи "Равзанаи ягона" муҳлати анҷоми амали бақайдгирии давлатӣ аз 3-5 рӯзи корӣ ба 24 соат ва имкониятҳои истифодаи тартиби электронии бақайдгирии давлатӣ пешбинӣ шудааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар баробари ин барои анҷоми чандин хадамоти дигари давлатӣ низ як шабонарӯз муқаррар шудааст.
Дар ин феҳраст аз ҷумла бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва қатъ намудани фаъолияти онҳо, таъсисёбӣ ва қатъ намудани фаъолияти филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ зикр шуданд.
Инчунин ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар муҳлати то 24 соат аз лаҳзаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз сабукиҳои дигар мебошад.
Ҳамин тариқ феълан шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин бахш ройгон мебошад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба 339 ҳазор расидаст, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.