Иҷро ва тасдиқи буҷаи соли оянда: Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҷамъ меояд

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМаҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон аз баргузории Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят хабар дод, ки дар он масъалаи буҷаи вилоят баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон рӯзи 26 декабри соли равон дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон
Тибқи иттилои манбаъ дар маҷлиси навбатӣ ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2022 шунида хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар маҷлис иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2021 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2023 баррасӣ хоҳад шуд.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Беш аз 100 зиёратгоҳу 300 банкомат: Хатлон барои хизмат ба сайёҳон чӣ шароит дорад?
“Дар маҷлис масъалаи тасдиқи Нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2023, муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40, Ҷалолиддини Балхӣ №41 ва таъин намудани интихобот низ баррасӣ мешавад”.
Қайд карда шудааст, вакилон ташкили Комиссияи вилоятии интихобот дар бораи гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии Восеъ №27, Қубодиён №40 ва Ҷалолиддини Балхӣ №41 баррасӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0