https://sputnik.tj/20221225/rusiya-muntaziri-dovtalabon-tojikiston-hast-1053774604.html
Русия мунтазири довталабон аз Тоҷикистон аст
Русия мунтазири довталабон аз Тоҷикистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия оғоз шуд. Довталабон метавонанд то 20 феврали соли 2023 ҳуҷҷат супоранд 25.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-25T09:30+0500
2022-12-25T09:30+0500
2022-12-25T09:30+0500
дар тоҷикистон
дар русия
маориф
довталабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042972586_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_cee8912ae605e94d74530cb19e3979f6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон сабти номи довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои соли таҳсили оянда идома дорад. Дар ин бора "Россотрудничество" хабар дод.Ҳамин тавр, қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия аллакай оғоз ёфтааст. Бақайдгирии довталабон дар доираи квотаи Ҳукумати Русия дар соли таҳсили 2023-2024 сурат мегирад. Қайд карда мешавад, ки довталабон бояд анкетаро пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро ба сомонаи Education-in-russia.com. фиристанд.Дархостҳо то 20 феврали соли 2023 қабул карда мешаванд. Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном шудан ба Хонаи русҳо дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат кунанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия теъдоди квотаҳои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистонро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзун намудааст. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 теъдоди квотаҳои таълимӣ барои Тоҷикистон алакай аз 630 ба 750 адад расонида шуд.
https://sputnik.tj/20221224/dushanbe-anjuman-khatmkunandagon-maktabho-olii-rusiya-shuravi-1053770399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/13/1042972586_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9c8b10a29a39d401a0ff62e9c609fd8f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, маориф, довталабон
дар тоҷикистон, дар русия, маориф, довталабон
Русия мунтазири довталабон аз Тоҷикистон аст
Дар Душанбе қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия оғоз шуд. Довталабон метавонанд то 20 феврали соли 2023 ҳуҷҷат супоранд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон сабти номи довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои соли таҳсили оянда идома дорад. Дар ин бора "Россотрудничество" хабар дод.
Ҳамин тавр, қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия аллакай оғоз ёфтааст. Бақайдгирии довталабон дар доираи квотаи Ҳукумати Русия дар соли таҳсили 2023-2024 сурат мегирад.
Қайд карда мешавад, ки довталабон бояд анкетаро пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро ба сомонаи Education-in-russia.com. фиристанд.
Дархостҳо то 20 феврали соли 2023 қабул карда мешаванд.
Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном шудан ба Хонаи русҳо дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия теъдоди квотаҳои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистонро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ афзун намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 теъдоди квотаҳои таълимӣ барои Тоҷикистон алакай аз 630 ба 750 адад расонида шуд.