https://sputnik.tj/20221224/dushanbe-anjuman-khatmkunandagon-maktabho-olii-rusiya-shuravi-1053770399.html
Дар Душанбе Анҷумани хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Анҷумани хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравӣ баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Чорабинии даҳумин солгард нафаронеро гирд овард, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекарданд ва ҳоло дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд 24.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-24T17:27+0500
2022-12-24T17:27+0500
2022-12-24T17:27+0500
дар тоҷикистон
дар русия
маориф
россотрудничество
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/18/1053767465_0:25:1025:601_1920x0_80_0_0_27bfb7803651bade20c5143b9efce1d5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Душанбе Анҷумани даҳуми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравии муқими Тоҷикистон баргузор шуд. Иштирокчиёнро сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев пешвоз гирифт. "Дар ин ҷо саҳми муҳандисон, агрономҳо, табибон, омӯзгорон ва бисёре аз мутахассисони шӯравиву русиро дар сохтмони Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ ва қадр мекунанд. Бо гузашти солҳо ва пас аз ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ, мо саҳми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия дар ташаккули Тоҷикистони нави соҳибистиқлолро наметавон нодида гирифт", - гуфт Григорев.Сафир ҳамчунин зикр кард, ки дар миёни раҳбарони феълии сатҳҳои мухталифи Тоҷикистон хатмкардагони донишгоҳҳои Русия зиёданд.Вай инро саҳми ҳақиқии Русия ба мустаҳкам шудани дӯстии байни ҳар ду мамлакат ва халқҳо номид. Ба андешаи ӯ, фаъолияти донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, аз қабили ДСРТ, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, ДИМ МИСиС ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бидуни тарки ватан таҳсили русӣ бигиранд.Дар баробари ин, Григорев аҳамияти нигоҳ доштани идомаи наслҳоро дар ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳисоби ягонагии фазои таълимӣ ва донистани забони русӣ қайд кард. Иштирокчиён инчунин ба чунин мавзӯҳо, аз қабили нақши Русия дар омода кардани кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи фарҳанг, бартариҳои маорифи Русия ибрози назар карданд.
https://sputnik.tj/20221215/rossotrudnichestvo-donishjuyon-filolog-tojik-kumak-1053535617.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/18/1053767465_41:0:950:682_1920x0_80_0_0_05ed0b36333d07583fbda30ea29b3f73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дар русия, маориф, россотрудничество
дар тоҷикистон, дар русия, маориф, россотрудничество
Дар Душанбе Анҷумани хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравӣ баргузор шуд
Чорабинии даҳумин солгард нафаронеро гирд овард, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекарданд ва ҳоло дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Душанбе Анҷумани даҳуми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия ва Шӯравии муқими Тоҷикистон баргузор шуд.
Иштирокчиёнро сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев пешвоз гирифт.
"Дар ин ҷо саҳми муҳандисон, агрономҳо, табибон, омӯзгорон ва бисёре аз мутахассисони шӯравиву русиро дар сохтмони Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ёдоварӣ ва қадр мекунанд. Бо гузашти солҳо ва пас аз ба даст овардани истиқлолияти ҷумҳурӣ, мо саҳми хатмкунандагони мактабҳои олии Русия дар ташаккули Тоҷикистони нави соҳибистиқлолро наметавон нодида гирифт", - гуфт Григорев.
Сафир ҳамчунин зикр кард, ки дар миёни раҳбарони феълии сатҳҳои мухталифи Тоҷикистон хатмкардагони донишгоҳҳои Русия зиёданд.
"Дар аввали соли 2022 дар Русия 28 ҳазор донишҷӯи ҷавони тоҷик буд, ки беш аз 60 дарсади онҳо дар маконҳои буҷетӣ таҳсил мекунанд", - таъкид кард дипломат.
Вай инро саҳми ҳақиқии Русия ба мустаҳкам шудани дӯстии байни ҳар ду мамлакат ва халқҳо номид.
Ба андешаи ӯ, фаъолияти донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон, аз қабили ДСРТ, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав, ДИМ МИСиС ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бидуни тарки ватан таҳсили русӣ бигиранд.
Дар баробари ин, Григорев аҳамияти нигоҳ доштани идомаи наслҳоро дар ҳамдигарфаҳмӣ аз ҳисоби ягонагии фазои таълимӣ ва донистани забони русӣ қайд кард.
Иштирокчиён инчунин ба чунин мавзӯҳо, аз қабили нақши Русия дар омода кардани кадрҳои илмӣ барои Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи фарҳанг, бартариҳои маорифи Русия ибрози назар карданд.