https://sputnik.tj/20221225/kharojoti-majlisi-namoyandagon-beshtar-1053785046.html
Хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли нав аз 27 млн сомонӣ бештар мешавад
Хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли нав аз 27 млн сомонӣ бештар мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмуъ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 343 нафар кормандро дар бар мегирад, ки аз ин 162 нафарашон ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ мебошанд
2022-12-25T18:30+0500
2022-12-25T18:30+0500
2022-12-25T18:30+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
дахлу харҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_0:25:1600:925_1920x0_80_0_0_536928cb341d687caa9e2a3455d14d6c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз буҷаи давлатии соли оянда наздики 27,2 млн сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин нуктаро раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, Ҷамшед Муртазозода, зимни муаррифии басти вазифаҳо ва сметаи даромаду хароҷот баён дошт. Ин дар ҳолест, ки барои соли равон сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон беш аз 21,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд. Афзоиши хароҷот ба андозаи беш аз 6 млн сомонӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муртазозода дар сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон ҳеч тағйироте дар назар нест. Аз ҷумла дар Маҷлиси намояндагон мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ - як нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ - 117 нафар ва ҳайати техникию хизматрасонӣ - 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро ташкил медиҳад. Қаблан Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро дар соли 2023 тасдиқ кард, ки 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар қиёс бо нишондоди тасдиқшудаи хароҷот барои соли равон 1,4 млн сомонӣ бештар мебошад.Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.
https://sputnik.tj/20221218/afzoish-kharojoti-majlisi-milli-1053597525.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101445/40/1014454031_284:0:1517:925_1920x0_80_0_0_027c28faab47e1d0ccd166f11f91c99b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, хароҷот, маҷлиси намояндагон, сол, 2023
афзоиш, хароҷот, маҷлиси намояндагон, сол, 2023
Хароҷоти Маҷлиси намояндагон дар соли нав аз 27 млн сомонӣ бештар мешавад
Дар маҷмуъ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 343 нафар кормандро дар бар мегирад, ки аз ин 162 нафарашон ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Барои нигоҳдошти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз буҷаи давлатии соли оянда наздики 27,2 млн сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ин нуктаро раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, Ҷамшед Муртазозода, зимни муаррифии басти вазифаҳо ва сметаи даромаду хароҷот баён дошт.
Ин дар ҳолест, ки барои соли равон сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон беш аз 21,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.
Афзоиши хароҷот ба андозаи беш аз 6 млн сомонӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи Муртазозода дар сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон ҳеч тағйироте дар назар нест.
Аз ҷумла дар Маҷлиси намояндагон мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - 63 нафар, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ - як нафар, мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ - 117 нафар ва ҳайати техникию хизматрасонӣ - 162 нафар, дар маҷмӯъ 343 нафарро ташкил медиҳад.
Қаблан Маҷлиси миллии Тоҷикистон сметаи хароҷоташро дар соли 2023 тасдиқ кард, ки 5,5 млн сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар қиёс бо нишондоди тасдиқшудаи хароҷот барои соли равон 1,4 млн сомонӣ бештар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки бар асоси сметаҳои Маҷлиси миллӣ хароҷоти ин палата дар соли 2021 ба 3,9 млн сомонӣ ва дар соли 2022 дар ҳаҷми 4,1 млн сомонӣ тасдиқ шуда буд.