https://sputnik.tj/20221224/sirkbozon-rusiya-tojikiston-barnoma-solinav-1053766193.html
Сиркбозони Русия дар Тоҷикистон барномаи солинавӣ оғоз карданд
Сиркбозони Русия дар Тоҷикистон барномаи солинавӣ оғоз карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе аз 24 декабр то 22 январи соли 2023 барномаҳои солинавӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд. Ҳамчунин театрҳо низ барномаҳои идона пешкаш мекунад
2022-12-24T14:30+0500
2022-12-24T14:30+0500
2022-12-24T14:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
сирки давлатӣ
соли нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101545/39/1015453988_0:42:1601:942_1920x0_80_0_0_02c429f7cf3e65ffc9fbc2aa2e944cf6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба Душанбе сиркбозон аз Русия омадаанд ва барномаи соли навии худро аз 24 декабр шурӯъ намудаанд.Дар ин бора оҷонсии "Ховар" бо истинод ба Сирки давлатии Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, барномаҳои солинавӣ барои кӯдакон ва наврасон аз 24 декабр шурӯъ шуда, то 22 январи соли 2023 идома меёбанд.Гуфта мешавад, барномаи солинавӣ аз намоишҳои гимнастҳо, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат буда, барои фароғати кӯдакону наврасон хеле ҷолибу хотирмонанд.Гузашта аз ин театрҳои давлатии кишвар низ бо фарорасии Соли Нави мелодӣ намоишномаҳои идона, инчунин намоишҳои кӯдаконаеро рӯи саҳна меоранд.Ба иттилои Вазорати фарҳанг, чунини барномаҳо аллакай аз 15 декабр оғоз ёфтаанд ва то 10 январи соли 2023 пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.Соли гузаштаТеатри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши "Пайкори миллат", Театри давлатии лӯхтак "Туҳфаи палангҳои солинавӣ" ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи "Хусрав ва Ширин"- ро манзури кӯдакону наврасон гардонида буданд.
https://sputnik.tj/20220812/sirkbozon-tojik-jashnvora-aks-sado-osiyo-nursulton--1050665502.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101545/39/1015453988_144:0:1455:983_1920x0_80_0_0_5350a7b74507f9d358b027da9a26efdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сирк тоҷикистон русия
Сиркбозони Русия дар Тоҷикистон барномаи солинавӣ оғоз карданд
Дар Душанбе аз 24 декабр то 22 январи соли 2023 барномаҳои солинавӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд. Ҳамчунин театрҳо низ барномаҳои идона пешкаш мекунад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ба Душанбе сиркбозон аз Русия омадаанд ва барномаи соли навии худро аз 24 декабр шурӯъ намудаанд.
Дар ин бора оҷонсии "Ховар" бо истинод ба Сирки давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, барномаҳои солинавӣ барои кӯдакон ва наврасон аз 24 декабр шурӯъ шуда, то 22 январи соли 2023 идома меёбанд.
Гуфта мешавад, барномаи солинавӣ аз намоишҳои гимнастҳо, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат буда, барои фароғати кӯдакону наврасон хеле ҷолибу хотирмонанд.
Гузашта аз ин театрҳои давлатии кишвар низ бо фарорасии Соли Нави мелодӣ намоишномаҳои идона, инчунин намоишҳои кӯдаконаеро рӯи саҳна меоранд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, чунини барномаҳо аллакай аз 15 декабр оғоз ёфтаанд ва то 10 январи соли 2023 пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.
Соли гузаштаТеатри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши "Пайкори миллат", Театри давлатии лӯхтак "Туҳфаи палангҳои солинавӣ" ва ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ операи "Хусрав ва Ширин"- ро манзури кӯдакону наврасон гардонида буданд.