https://sputnik.tj/20220812/sirkbozon-tojik-jashnvora-aks-sado-osiyo-nursulton--1050665502.html
Сиркбозони тоҷик ба Ҷашнвораи "Акси садои Осиё" ба Нурсултон рафтанд
Сиркбозони тоҷик ба Ҷашнвораи "Акси садои Осиё" ба Нурсултон рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони 13 давлат барои дарёфти унвони беҳтарин дар ҷашнвораи байналмилалии санъати сиркии "Акси садои Осиё" ба Қазоқистон омаданд
2022-08-12T11:25+0500
2022-08-12T11:25+0500
2022-08-12T19:10+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
сиркбозони тоҷик
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102659/85/1026598592_0:0:3091:1739_1920x0_80_0_0_c62adc46d0134c19097ef5234737746a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар пойтахти Қазоқистон 13-умин Ҷашнвораи байналмилалии санъати сирки “Акси садои Осиё” оғоз шуд, гузориш медиҳад, дафтари матбуотии сирки Нурсултон.Намояндагони 13 давлат, аз қабили Беларус, Маҷористон, Ветнам, Исроил, Италия, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Фаронса ба Нурсултон омаданд. Фестивал 12 август бо намоиши фарҳангӣ ифтитоҳ ёфта, 5 рӯз идома хоҳад кард. Намоишиҳои мафтункунанда 14 август ба охир мерасад. Аз сар гирифтани баргузории ин чорабинии деринтизор ду сол боз мунтазир буданд, зеро бар асари пандемияи коронавирус омадани ҳунармандон аз кишварҳои дигар ғайриимкон буд. Фестивал худро яке аз бонуфузтарин чорабинихои байналхалкии сиркӣ муаррифӣ кардааст. Худи озмун аз ду барнома иборат аст, ки бо иштироки жимностикҳои ҳирфаӣ, акробатҳо, ресмонбозон ва масхарабозон длоир мешавад. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш 86 нафаранд.Баъди ба охир расидани ҳамоиш бехтарин намояндагони ин касбро аъзоёни жюри муайян мекунанд. Онҳо ба сифати наоишномаҳо аз рӯи дарачаи ҳунармандӣ, хореографӣ ва коргардонӣ баҳо медиҳанд.Ба гуфтаи директори генералии Сирки Нурсултон Эрик Жолжаксинов, имсол чанд ҷоиза пешбинӣ шудааст: сетоӣ тилло, нуқра ва биринҷӣ. "Ҷоизаи асосӣ Гран-при аст. Ҷоизаҳои раиси шаҳр ва таваҷҷуҳи тамошобинон ҳастанд. Ҳамчунин тӯҳфаҳои махсусе ҳастанд, ки меҳмонони мо бо худ оварда буданд",-афзуд ӯ. Илова бар ин, дар чаҳорчӯби чорабинӣ нишасти васеи хабарӣ бо ширкати ҳунармандони хориҷӣ баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220811/kudakon-tojik-forum-farhang-maskav-1050645418.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102659/85/1026598592_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_d4b37bf38e088a6e17e5966f06fac86a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фестивал сирки осиё видео
фестивал сирки осиё видео
Сиркбозони тоҷик ба Ҷашнвораи "Акси садои Осиё" ба Нурсултон рафтанд
11:25 12.08.2022 (Навсозишуда: 19:10 12.08.2022) Намояндагони 13 давлат барои дарёфти унвони беҳтарин дар Ҷашнвораи байналмилалии санъати сирки "Акси садои Осиё" Қазоқистон рафтанд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар пойтахти Қазоқистон 13-умин Ҷашнвораи байналмилалии санъати сирки “Акси садои Осиё” оғоз шуд, гузориш медиҳад, дафтари матбуотии сирки Нурсултон.
Намояндагони 13 давлат, аз қабили Беларус, Маҷористон, Ветнам, Исроил, Италия, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Фаронса ба Нурсултон омаданд.
Фестивал 12 август бо намоиши фарҳангӣ ифтитоҳ ёфта, 5 рӯз идома хоҳад кард. Намоишиҳои мафтункунанда 14 август ба охир мерасад.
Аз сар гирифтани баргузории ин чорабинии деринтизор ду сол боз мунтазир буданд, зеро бар асари пандемияи коронавирус омадани ҳунармандон аз кишварҳои дигар ғайриимкон буд.
Фестивал худро яке аз бонуфузтарин чорабинихои байналхалкии сиркӣ муаррифӣ кардааст.
Худи озмун аз ду барнома иборат аст, ки бо иштироки жимностикҳои ҳирфаӣ, акробатҳо, ресмонбозон ва масхарабозон длоир мешавад. Ширкаткунандагони ин ҳамоиш 86 нафаранд.
Баъди ба охир расидани ҳамоиш бехтарин намояндагони ин касбро аъзоёни жюри муайян мекунанд. Онҳо ба сифати наоишномаҳо аз рӯи дарачаи ҳунармандӣ, хореографӣ ва коргардонӣ баҳо медиҳанд.
Ба гуфтаи директори генералии Сирки Нурсултон Эрик Жолжаксинов, имсол чанд ҷоиза пешбинӣ шудааст: сетоӣ тилло, нуқра ва биринҷӣ.
"Ҷоизаи асосӣ Гран-при аст. Ҷоизаҳои раиси шаҳр ва таваҷҷуҳи тамошобинон ҳастанд. Ҳамчунин тӯҳфаҳои махсусе ҳастанд, ки меҳмонони мо бо худ оварда буданд",-афзуд ӯ.
Илова бар ин, дар чаҳорчӯби чорабинӣ нишасти васеи хабарӣ бо ширкати ҳунармандони хориҷӣ баргузор мешавад.