Раҳмон бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ бунёди корхонаҳои муштаракро баррасӣ кард

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2022
Обуна шудан
Дар ҷараёни мулоқот вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ аз номи роҳбари кишвари худ, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои қабули ташаббуси панҷуми ӯ дар СММ табрик кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат бо вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Холид Ал-Фотеҳ мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Аз ҷумла зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид намуданд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кувайт, Зубайдулло Зубайдзода бо вазири тиҷорат ва саноати давлати Кувайт, Мозин Саъд Алӣ ал-Ноҳиз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Азми Тоҷикистону Кувайт барои ҳамкории бештар дар бахши тиҷорату саноат
Дар мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташкилоту созмонҳо ва хазинаву бонкҳои минтақавию байналмилалӣ низ баррасӣ гардида, саҳми Фонди Саудии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар соҳаҳои нақлиёт ва маорифу тандурустӣ таъкид карда шуд.
Манбаъ меафзояд, Холид Ал-Фотеҳ раисҷумҳури Тоҷикистонро барои қабул шудани ташаббуси панҷуми ӯ дар Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо табрик кард.
Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҷониби Арабистони Саудӣ барои мусоидат ва ҷонибдорӣ аз қабули қатъномаи мазкур миннатдорӣ баён кард.
Лентаи хабарҳо
0