Азми Тоҷикистону Кувайт барои ҳамкории бештар дар бахши тиҷорату саноат

© Дафтари матбуоти ВУХ ТоҷикистонМулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кувайт, Зубайдулло Зубайдзода бо вазири тиҷорат ва саноати давлати Кувайт, Мозин Саъд Алӣ ал-Ноҳиз
Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кувайт, Зубайдулло Зубайдзода бо вазири тиҷорат ва саноати давлати Кувайт, Мозин Саъд Алӣ ал-Ноҳиз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомдорони кувайтӣ таҳкими ҳамкориҳоро дар ҳоле ба миён гузоштааст, ки миёни давлатҳо парвозҳои мустақим роҳандозӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт, Зубайдулло Зубайдзода бо вазири тиҷорат ва саноати давлати мизбон, Мозин Саъд Алӣ ал-Ноҳиз густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои тиҷорат ва саноат аз масоили марказии мулоқоти сафир бо вазир будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Кувайт азм доранд, ҳамкориҳоро таҳким бахшанд. Аз ҷумла тирамоҳи соли равон ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт дар бораи ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ баргузор шуд.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2022
Масири нав барои сафар аз Душанбе: Оғози парвоз ба кишвари арабӣ бо 500 доллар аз 2 тараф
Ҷалби бештари сармояи кувайтӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк, оби нӯшокӣ ва зиёд намудани содироти маҳсулоти дорандаи тамғаи "Ҳалол" аз масоили гуфтушуниди ҷонибҳост.
Интизор меравад, ки роҳандозии парвоз миёни ду кишвар, ки аз охири моҳи равон оғоз мешавад, диду боздидҳо, аз ҷумла сайёҳону сармоягузоронро бештар намояд.
Ширкати "Jazeera Airways" аз 29 декабри соли равон парвозҳо миёни Душанбе ва Кувайтро амалӣ мекунад, ки ҳафтае 2 бор - рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе дар назаранд.
Масъулини ин ширкат изҳор медоранд, ки парвози ҷадид метавонад масире барои сафари зоирини тоҷикистонӣ ба маконҳои муқаддаси кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Маккаю Мадина дар Арабистони Саудӣ гардад.
Лентаи хабарҳо
0