https://sputnik.tj/20221224/kemerova-sukhtor-favtidand-1053771544.html
Дар Кемерова бар асари сӯхтор 22 нафар фавтиданд
Дар Кемерова бар асари сӯхтор 22 нафар фавтиданд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сӯхтор, ки дар хонаи пиронсолон ба вуқӯъ пайвастааст, кори нодурусти бухорӣ будааст 24.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-24T15:30+0500
2022-12-24T15:30+0500
2022-12-24T15:30+0500
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/18/1053771088_0:171:3031:1876_1920x0_80_0_0_ed70038493af9d8cef58a9a6bdd9520a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Шаби 24 декабр дар як хонаи пиронсолон дар Кемерово сӯхтор ба амал омад. Бар асари сӯхтор 22 нафар ба ҳалокат расида, ба гуфтаи Кумитаи тафтишоти Русия чанд нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шудаанд.Баъди нисфи шаб дар як хонаи дуошёна дар кӯчаи Таврическая сӯхтор ба амал омад ва то расидани наҷотдиҳандагон боми бино алакай сӯхта буд.Гуфта мешавад, сӯхтор барқвор тамоми ҷоро фаро гирифт, дар натиҷа масоҳати 180 метри мураббаъро комилан оташ фаро гирифта, бино осеби ҷиддӣ дида, ошёна дуюм пурра сӯхта фурӯ рехт.Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор кори нодурусти танӯр будааст. Раёсати вилоятии Кемерова дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "Аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахсон" парванда боз кардааст. Губернатори вилояти Кемерово Сергей Тсивилев ваъда дод, ки пас аз ин вазъияти изтирорӣ дар минтақа дар давоми як ҳафта тамоми хонаҳои пиронсолон, бахусус хонаҳои хусусиро тафтиш хоҳанд кард. Раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин барои мусоидат дар таҳқиқи сӯхтор коршиносони судию тиббӣ аз дастгоҳи марказии ин идора ва ҳамчунин кормандони маркази ташхиси судии Кумитаи тафтишотии Русияро фиристодааст.Маълум аст, ки хонаи пиронсолон ғайриқонунӣ будааст. Тибқи иттилои тафтишот, як сокини 31-солаи маҳаллӣ барои расонидани хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ нест ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст, муттаҳам карда шудааст.
https://sputnik.tj/20221105/oqibatho-sukhtor-qahvakhona-kostroma-video-1052646721.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/18/1053771088_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_3b913bed47ececd3fe3ca77efcfe9557.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сӯхтор
дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, сӯхтор
Дар Кемерова бар асари сӯхтор 22 нафар фавтиданд
Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сӯхтор, ки дар хонаи пиронсолон ба вуқӯъ пайвастааст, кори нодурусти бухорӣ будааст
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Шаби 24 декабр дар як хонаи пиронсолон дар Кемерово сӯхтор ба амал омад. Бар асари сӯхтор 22 нафар ба ҳалокат расида, ба гуфтаи Кумитаи тафтишоти Русия чанд нафари дигар шадидан маҷрӯҳ шудаанд.
"Теъдоди кушташудагон ба 22 нафар расид. Шаш нафари дигар захмӣ шуданд, ду нафари онҳо бо ҷароҳатҳои сӯхтагӣ дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд", - омадааст дар хабари шабакаи телевизионии вазорат.
Баъди нисфи шаб дар як хонаи дуошёна дар кӯчаи Таврическая сӯхтор ба амал омад ва то расидани наҷотдиҳандагон боми бино алакай сӯхта буд.
Гуфта мешавад, сӯхтор барқвор тамоми ҷоро фаро гирифт, дар натиҷа масоҳати 180 метри мураббаъро комилан оташ фаро гирифта, бино осеби ҷиддӣ дида, ошёна дуюм пурра сӯхта фурӯ рехт.
Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор кори нодурусти танӯр будааст. Раёсати вилоятии Кемерова дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи "Аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахсон" парванда боз кардааст.
Губернатори вилояти Кемерово Сергей Тсивилев ваъда дод, ки пас аз ин вазъияти изтирорӣ дар минтақа дар давоми як ҳафта тамоми хонаҳои пиронсолон, бахусус хонаҳои хусусиро тафтиш хоҳанд кард.
Раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин барои мусоидат дар таҳқиқи сӯхтор коршиносони судию тиббӣ аз дастгоҳи марказии ин идора ва ҳамчунин кормандони маркази ташхиси судии Кумитаи тафтишотии Русияро фиристодааст.
Маълум аст, ки хонаи пиронсолон ғайриқонунӣ будааст. Тибқи иттилои тафтишот, як сокини 31-солаи маҳаллӣ барои расонидани хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ нест ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда нафар шудааст, муттаҳам карда шудааст.