https://sputnik.tj/20221105/oqibatho-sukhtor-qahvakhona-kostroma-video-1052646721.html
Оқибатҳои сӯхтор дар қаҳвахона дар Кострома: видео
Оқибатҳои сӯхтор дар қаҳвахона дар Кострома: видео
Sputnik Тоҷикистон
Шаби шанбеи 5 ноябр дар маркази тафреҳӣ оташсӯзӣ рух дод, ки ба як сӯхтори бузург мубаддал шуд ва ҷони 13 нафарро гирифт 05.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-05T21:11+0500
2022-11-05T21:11+0500
2022-11-05T21:11+0500
видео
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/05/1052645312_1:0:854:480_1920x0_80_0_0_c0ecb3e766d1c52b5fccb7f3188d187f.jpg
Сӯхтор бинои масоҳати 3,5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар он қаҳвахонаи "Полигон" воқеъ буд. Ба ҷои ҳодиса 50 наҷотдиҳанда ва 20 воҳиди техникаи махсус ҳозир шуданд. Хадамоти таъҷилӣ фавран ба хомӯш кардани сӯхтор ва кӯчонидани меҳмонони клуб шурӯъ карданд. Аммо бо таҳдиди фурӯ рафтани боми бино, ки баъдан комилан фурӯ рехт, кори наҷотбахшон ба мушкилӣ печид.Сӯхтори даҳшатбор дар клуби шабона дар Кострома: акс аз ҷои фоҷиаТибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин ҳодиса 13 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қаблан дар бораи кушта шудани 15 нафар хабар дода шуда буд, аммо Алексей Греков, муовини сардори Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар вилояти Кострома марги 13 нафарро тасдиқ кард. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аллакай як ҷавони 23-соларо боздошт кардаанд, ки ӯ дар истифодаи маводи пиротехникӣ гумонбар дониста мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Кафе "Полигон" в Костроме после пожара
Sputnik Тоҷикистон
Кафе "Полигон" в Костроме после пожара
2022-11-05T21:11+0500
true
PT0M17S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/05/1052645312_128:0:768:480_1920x0_80_0_0_3ea97528c1d0ff74a05d79c068a28def.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, сӯхтор
Оқибатҳои сӯхтор дар қаҳвахона дар Кострома: видео
Шаби шанбеи 5 ноябр дар маркази тафреҳӣ оташсӯзӣ рух дод, ки ба як сӯхтори бузург мубаддал шуд ва ҷони 13 нафарро гирифт
Сӯхтор бинои масоҳати 3,5 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст, ки дар он қаҳвахонаи "Полигон" воқеъ буд. Ба ҷои ҳодиса 50 наҷотдиҳанда ва 20 воҳиди техникаи махсус ҳозир шуданд.
Хадамоти таъҷилӣ фавран ба хомӯш кардани сӯхтор ва кӯчонидани меҳмонони клуб шурӯъ карданд. Аммо бо таҳдиди фурӯ рафтани боми бино, ки баъдан комилан фурӯ рехт, кори наҷотбахшон ба мушкилӣ печид.
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин ҳодиса 13 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қаблан дар бораи кушта шудани 15 нафар хабар дода шуда буд, аммо Алексей Греков, муовини сардори Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар вилояти Кострома марги 13 нафарро тасдиқ кард.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аллакай як ҷавони 23-соларо боздошт кардаанд, ки ӯ дар истифодаи маводи пиротехникӣ гумонбар дониста мешавад.