https://sputnik.tj/20221223/somoni-niyozmandon-tojikiston-taqsim-1053731163.html
То Соли нав 285 млн сомонӣ миёни ниёзмандони Тоҷикистон тақсим мешавад
То Соли нав 285 млн сомонӣ миёни ниёзмандони Тоҷикистон тақсим мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Кумакпулии яквақтаина ба табақаҳои ниёзманд дар Тоҷикистон то охири соли равон пардохта мешавад, ки нахустин бор дар таърихи кишвар мебошад
2022-12-23T18:00+0500
2022-12-23T18:00+0500
2022-12-23T18:00+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нафақа
пардохт
кӯмак
ниёзмандон
сомонӣ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди Тоҷикистон 600 сомонӣ кумакпулии яквақтаина дода мешавад. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироа паём ба парлумон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, кумакпулӣ аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ пардохт мегардад. Бо мақсади пардохти ин кумакпулӣ 285 млн сомонӣ равона мегардад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳукуматро муваззаф кард, ки барои аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат чораандешӣ намояд. Вай зикр намуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 млрд равона шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар 5 соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41 млрд сомонии соли 2018 ба 87 млрд сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт, афзуд президент. Вай изҳор дошт, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4%-и соли 2018 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш дода шуд.
https://sputnik.tj/20221223/nafaqau-maosh-ziyod-meshavad-az-ki-chand-foiz-1053719244.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пардлохт, кумакпулӣ, якдафъаина, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паём
пардлохт, кумакпулӣ, якдафъаина, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, паём
То Соли нав 285 млн сомонӣ миёни ниёзмандони Тоҷикистон тақсим мешавад
Кумакпулии яквақтаина ба табақаҳои ниёзманд дар Тоҷикистон то охири соли равон пардохта мешавад, ки нахустин бор дар таърихи кишвар мебошад
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди Тоҷикистон 600 сомонӣ кумакпулии яквақтаина дода мешавад.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироа паём ба парлумон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, кумакпулӣ аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ пардохт мегардад.
Бо мақсади пардохти ин кумакпулӣ 285 млн сомонӣ равона мегардад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳукуматро муваззаф кард, ки барои аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат чораандешӣ намояд.
"Яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд", -тавзеҳ дод раисҷумҳур.
Вай зикр намуд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 млрд равона шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар 5 соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41 млрд сомонии соли 2018 ба 87 млрд сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.
Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт, афзуд президент.
Вай изҳор дошт, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4%-и соли 2018 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш дода шуд.