https://sputnik.tj/20221223/sohibkoron-tojik-didbongoh-mesozand-1053717060.html
Соҳибкорони тоҷик дидбонгоҳҳои марзӣ месозанд
Соҳибкорони тоҷик дидбонгоҳҳои марзӣ месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ташаббускории соҳибкорони тоҷик тавсиф кард, ки ҳатто дар таҳкими ҳифзи марзи ҷумҳурӣ сармоягузорӣ карда истодаанд 23.12.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-12-23T10:52+0500
2022-12-23T10:52+0500
2022-12-23T10:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
паём
парлумон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_0:0:3006:1691_1920x0_80_0_0_4e65845a04ef61dad980e9cf9887d43c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Дар маҷмуъ зиёда аз 50 дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон аз сӯи соҳибкорони кишвар бунёд шуда истодаанд. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, вақте суҳбатҳояшро дар мавриди зарурати ҳифзи марзи Тоҷикистон шуниданд, соҳибкорон худашон барои бунёди иншооти низомӣ ташаббус нишон додааст. Ба иттилои раисҷумҳур феълан бунёди зиёда аз 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ бо саҳми соҳибкорон шуруъ шуда, беш аз 20 адади дигар дар нақшаанд. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20221223/khudtarifkuni-nest-rahmon-jahon-murakkab-tojikiston-1053715732.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041577768_296:0:2927:1973_1920x0_80_0_0_ea9611906774015c6ca214fd3322665c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, паём, парлумон, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, иқтисод, паём, парлумон, эмомалӣ раҳмон
Соҳибкорони тоҷик дидбонгоҳҳои марзӣ месозанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ташаббускории соҳибкорони тоҷик тавсиф кард, ки ҳатто дар таҳкими ҳифзи марзи ҷумҳурӣ сармоягузорӣ карда истодаанд
ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Дар маҷмуъ зиёда аз 50 дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон аз сӯи соҳибкорони кишвар бунёд шуда истодаанд.
Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, вақте суҳбатҳояшро дар мавриди зарурати ҳифзи марзи Тоҷикистон шуниданд, соҳибкорон худашон барои бунёди иншооти низомӣ ташаббус нишон додааст.
Ба иттилои раисҷумҳур феълан бунёди зиёда аз 30 дидбонгоҳи сарҳадӣ бо саҳми соҳибкорон шуруъ шуда, беш аз 20 адади дигар дар нақшаанд.
"Дар маҷмуъ зиёда аз 52 дидбонгоҳ месозанд. Худашон шуруъ карданд, ман аз ягон кас талаб накардам", - изҳор дошт Раҳмон.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дода, таъкид намуд, ки тайи 2 соли охир дар марз бо ин кишвар 175 иншооти сарҳадӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Вай афзуд, ки феълан сохтмони 30 иншооти дигар идома дошта, лозим аст, ки дар оянда боз 300 иншооти марбута бунёд карда шаванд.
Раҳмон ҳамчунин татбиқи ташаббуси Тоҷикистон - консепсияи "камарбанди амниятӣ" дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳоро таъкид намуд.