https://sputnik.tj/20221223/hikmatiyor-tasmim-omuzish-dukhtaron-sharmovar-1053712342.html
Ҳикматиёр: тасмими манъи омӯзиши духтарон шармовар, беҳуда ва ҳалоккунанда аст
Ҳикматиёр: тасмими манъи омӯзиши духтарон шармовар, беҳуда ва ҳалоккунанда аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар идомаи вокунишҳо ба фармони раҳбари гурӯҳи толибон мабни бар мамнуъияти тазсили духтарон, раҳбари ҳизби исломӣ ин тасмимро шармовар хондааст
2022-12-23T09:03+0500
2022-12-23T09:03+0500
2022-12-23T09:03+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
таҳсил
мактаб
духтарон
вокуниш
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041684535_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_de883c88cfeaf048488cf15629174e1e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбудин Ҳикматёри дар як саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки гурӯҳи толибон тасмиме гирифтаанд, ки худ онон низ аз тавҷеҳи ин амалашон оҷизанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Ҳикматёр гуфтааст, ки гурӯҳи толибон дар ҳар арса бояд ба гунае кор кунанд, ки иддаоҳои мабни бар нотавонии чеҳраҳои мазҳабӣ дар ҳукуматдории мардуд дониста шавад.Раҳбари ҳизби исломӣ таъкид карда аст, ки ҳануз ҳам фурсат вуҷуд дорад то авлавиятҳо дарк шуда ва аз ин гуна тасмимҳои "беҳуда ва ҳалоккунанда" иҷтиноб сурат гирад.Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран вазорати таҳсилоти олии гурӯҳи толибон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯй духтарон хабар доданд.Ин ҳам дра ҳолест, ки ахиран ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Бояд гуфт, ки чанде пеш сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон ваъда дода буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд, аммо тавре ба назар мерасад толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд.
https://sputnik.tj/20221222/vokunishi-ahmad-masud-basta-donishgoh-dukhtaron-1053710263.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041684535_40:0:761:541_1920x0_80_0_0_812938d3e93960323594c2381c755170.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, таҳсил, мактаб, ҳикматиёр, шармовар, беҳуда, ҳалоккунанда, вокуниш
афғонистон, толибон, таҳсил, мактаб, ҳикматиёр, шармовар, беҳуда, ҳалоккунанда, вокуниш
Ҳикматиёр: тасмими манъи омӯзиши духтарон шармовар, беҳуда ва ҳалоккунанда аст
Дар идомаи вокунишҳо ба фармони раҳбари гурӯҳи толибон мабни бар мамнуъияти тазсили духтарон, раҳбари ҳизби исломӣ ин тасмимро шармовар хондааст
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон Гулбудин Ҳикматёри дар як саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки гурӯҳи толибон тасмиме гирифтаанд, ки худ онон низ аз тавҷеҳи ин амалашон оҷизанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳикматёр гуфтааст, ки гурӯҳи толибон дар ҳар арса бояд ба гунае кор кунанд, ки иддаоҳои мабни бар нотавонии чеҳраҳои мазҳабӣ дар ҳукуматдории мардуд дониста шавад.
Раҳбари ҳизби исломӣ таъкид карда аст, ки ҳануз ҳам фурсат вуҷуд дорад то авлавиятҳо дарк шуда ва аз ин гуна тасмимҳои "беҳуда ва ҳалоккунанда" иҷтиноб сурат гирад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран вазорати таҳсилоти олии гурӯҳи толибон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯй духтарон хабар доданд.
Ин ҳам дра ҳолест, ки ахиран ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон ваъда дода буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд, аммо тавре ба назар мерасад толибон ба ваъдаи худ вафо накарданд.