https://sputnik.tj/20221222/vokunishi-ahmad-masud-basta-donishgoh-dukhtaron-1053710263.html
Вокуниши Аҳмад Масъуд ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи духтарон
Вокуниши Аҳмад Масъуд ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи духтарон
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба духтарони афғон тавсия додааст, ки мактабро ба хона бубаранд, мутафовид фикр кунанд ва мутафовид мубориза баранд
2022-12-22T22:01+0500
2022-12-22T22:01+0500
2022-12-22T22:01+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
ҷабҳаи муқовимати миллии афғонистон
масъуд аҳмад
вокуниш
мактаб
духтарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_0:113:2048:1265_1920x0_80_0_0_9069c058451e9e5ae7cfb6adc7c6b436.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон Аҳмад Масъуд дар вокуниш ба мамнуъияти таҳсили духтарони тавассути толибон гуфтааст, ки дарвозаи сохтимони донишгоҳу мактабро метавон баста кард аммо дари илму донишро наметавон баст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон .Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".Ёдоварӣ мекунем, ки пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд.Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Ин дар ҳолест, ки қаблан сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон ваъда дода буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.Вай таъкид карда буд, ки ҳукумати толибон барои боз кардани мактабҳои духтарона дар саросари кишвар таҳти фишор қарор гирифтаастҲукумати имрӯза пештар гуфта буд, ки мақомоти толибон зарурати таҳсил барои мардон ва занонро дарк мекунанд.Ҳукумати феълӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.Зиёда аз 1 сол мешавад, ки дар Афғонистон мактабҳои духтарона барои духтарони донишомӯз баста шудаанд.
https://sputnik.tj/20221219/zas-afghoniston-khatar-tojikiston-video-1053621899.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_106:0:1943:1378_1920x0_80_0_0_4af615a40b15c94a885a987d30bdb3f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, мактаб, донишгоҳҳо, вокуниш, толибон, мубориза
афғонистон, осиёи марказӣ, мактаб, донишгоҳҳо, вокуниш, толибон, мубориза
Вокуниши Аҳмад Масъуд ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи духтарон
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба духтарони афғон тавсия додааст, ки мактабро ба хона бубаранд, мутафовид фикр кунанд ва мутафовид мубориза баранд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон Аҳмад Масъуд дар вокуниш ба мамнуъияти таҳсили духтарони тавассути толибон гуфтааст, ки дарвозаи сохтимони донишгоҳу мактабро метавон баста кард аммо дари илму донишро наметавон баст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон .
Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".
Ёдоварӣ мекунем, ки пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд.
Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон ваъда дода буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.
Вай таъкид карда буд, ки ҳукумати толибон барои боз кардани мактабҳои духтарона дар саросари кишвар таҳти фишор қарор гирифтааст
Ҳукумати имрӯза пештар гуфта буд, ки мақомоти толибон зарурати таҳсил барои мардон ва занонро дарк мекунанд.
Ҳукумати феълӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.
Зиёда аз 1 сол мешавад, ки дар Афғонистон мактабҳои духтарона барои духтарони донишомӯз баста шудаанд.