https://sputnik.tj/20221222/tojikiston-rusiya-meva-sabzavot-sodir-1053682810.html
Тоҷикистон ба Русия бештар меваву сабзавот содир мекунад
Тоҷикистон ба Русия бештар меваву сабзавот содир мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Минтақаҳои Русия барои воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон манфиатдоранд ва ба ҳамин хотир “Роҳи оҳани Русия” тахфифҳо барои ҳамлу нақлро дар 2023 тамдид кард
2022-12-22T09:03+0500
2022-12-22T09:03+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
кишоварзӣ
содирот
ҳамлу нақл
"роҳи оҳан"
маҳсулот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102308/30/1023083040_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_4880651b705d6751e60238a5f1e4d9ae.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тоҷикистон ба Русия боз ҳам бештар меваю сабзавот содир мекунад.Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тахфифи 50 дарсадии худро барои содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шаҳрҳои мухталифи Русияро барои соли 2023 тамдид кард.Намояндаи тиҷорати Русия Евгений Коренков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоте, ки таҳти тамғаи "Made in Tajikistan" ворид мешаванд, талаботи зиёд доранд.Истеъмолгарони рус ба зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва тамашк, хушкмевҳои гуногун талаботи зиёд доранд.Бино бар хусусиятхои иқлимию географӣ аксари минтақаҳои Русия ба фиристодани меваю сабзавот аз минтакаи офтобӣ манфиатдор мебошанд."Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон яке аз даромади асосии пулии ин кишвар аст ва дар равобити тиҷорӣ бо Русия нақши муҳим дорад", - таъкид кард Коренков.Вай афзуд, дар соли ҷорӣ 21,2 дарсади содироти Тоҷикистонро маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзиро ташкил додааст.Ба ҳисоби пулӣ ин рақам 14 миллион долларро ташкил медиҳад.Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки ин раванд дар навбати худ, дар муқоиса бо соли 2021, ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ин асосан дар натиҷаи сиёсати тахфифии “Роҳҳои оҳани Русия” сурат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20220617/korenkov-rusiya-hamkori-beshtar-tojikiston-1049269778.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102308/30/1023083040_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_fa5b32bce695469a3b381ba88160d0e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, мева, сабзавот, содир, манфиатдор, роҳи оҳан, тахфиф, ҳамлу нақл
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, мева, сабзавот, содир, манфиатдор, роҳи оҳан, тахфиф, ҳамлу нақл
Тоҷикистон ба Русия бештар меваву сабзавот содир мекунад
09:03 22.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Эксклюзив
Минтақаҳои Русия барои воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон манфиатдоранд ва ба ҳамин хотир “Роҳи оҳани Русия” тахфифҳо барои ҳамлу нақлро дар 2023 тамдид кард
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тоҷикистон ба Русия боз ҳам бештар меваю сабзавот содир мекунад.
Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тахфифи 50 дарсадии худро барои содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шаҳрҳои мухталифи Русияро барои соли 2023 тамдид кард.
Намояндаи тиҷорати Русия Евгений Коренков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, истеъмолкунандагони Русия ба маҳсулоте, ки таҳти тамғаи "Made in Tajikistan" ворид мешаванд, талаботи зиёд доранд.
Истеъмолгарони рус ба зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олу, гелос ва тамашк, хушкмевҳои гуногун талаботи зиёд доранд.
Бино бар хусусиятхои иқлимию географӣ аксари минтақаҳои Русия ба фиристодани меваю сабзавот аз минтакаи офтобӣ манфиатдор мебошанд.
"Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон яке аз даромади асосии пулии ин кишвар аст ва дар равобити тиҷорӣ бо Русия нақши муҳим дорад", - таъкид кард Коренков.
Вай афзуд, дар соли ҷорӣ 21,2 дарсади содироти Тоҷикистонро маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзиро ташкил додааст.
Ба ҳисоби пулӣ ин рақам 14 миллион долларро ташкил медиҳад.
Намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, ки ин раванд дар навбати худ, дар муқоиса бо соли 2021, ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ин асосан дар натиҷаи сиёсати тахфифии “Роҳҳои оҳани Русия” сурат гирифтааст.