Коренков: Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон аст

© Sputnik / Амир ИсаевЕвгений Коренков торговый представитель РФ в РТ
Евгений Коренков торговый представитель РФ в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо буда, дар соли равон дархостҳо барои гирифтани маҳсулоти тоҷикӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Наздики 70 субъекти Федератсияи Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.
Ин нуктаро Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, зимни ҳамоиши "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо" дар вилояти Суғд баён дошт. Ӯ таъкид намуд, ки ин нишондод ба таври мунтазам афзоиш ёфтааст.
Вай таъкид намуд, ки дар соли равон дархостҳо аз шабакаҳои тиҷоратии федералии Русия барои гирифтани маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфтааст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар ҷамъбасти соли равон додугирифт боз бештар хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, Русия ҳавасманди таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони тоҷикистонӣ дар ҳамаи бахшҳо мебошад ва баргузории чунин ҳамоишҳоро имкони хуб барои тавсеаи равобит арзёбӣ намуд. Аз Тоҷикистон ба Русия асосан маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла меваю сабзавот содир мешаванд.
Рынок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Ҷаҳиши нархҳо: топ-6 маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон гарон шуд
Коренков мегӯяд, ҳамоиши тиҷоратию иқтисодии Суғд, ки нахустинаш ҳанӯз 8 соли қабл баргузор шуда буд, тайи ин муддат ба майдони хуби гирди ҳам омадани мақомдорони давлатӣ, коршиносон ва намояндагони бахши хусусӣ табдил ёфтааст.
Вай иштироки намояндагони бахшҳои гуногуни Русияро дар ҳамоиши Суғд далели ҳавасмандӣ барои таҳкими ҳамкориҳо арзёбӣ намуд.
Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол бахшҳои гуногунро фаро мегирад.
Аз ҷумла зикр шуд, ки додугирифт дар соли гузашта наздик ба 1,3 млрд долларро ташкил дод. Дар зимн иттилоъ дод, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт дошт, ки нисбати нишондоди соли пешин 100 млн бештар аст.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки тамоми талошашро анҷом хоҳад дод, то додугирифти мол миёни кишварҳо афзоиш ёбад, чун ин рисолаташ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0