https://sputnik.tj/20221222/maqomot-sugd-korgoh-korkhona-1053696576.html
Мақомоти Суғд шумори коргоҳу корхонаҳои нав дар вилоятро расонаӣ кард
Мақомоти Суғд шумори коргоҳу корхонаҳои нав дар вилоятро расонаӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар соли равон 151 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2820 ҷойи нави корӣ ифтитоҳ ёфтааст
2022-12-22T14:50+0500
2022-12-22T14:50+0500
2022-12-22T14:50+0500
дар тоҷикистон
ифтитоҳ
коргоҳ
таъсис
саноат
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103054/41/1030544131_0:0:3083:1734_1920x0_80_0_0_e8025b9676fe9d2e023be267746983f3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тавре мақомоти вилояти Суғд хабар додаанд, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.Дар ин бора зимни баргузории Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум, ки ахиран доир гардид, гуфта шуд.Тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар иҷлосия зикр гардид, ки давоми 11 моҳи соли равон дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд.Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.Ҳамзамон дар вилоят аз ҷониби корхонаи муштараки “Зарафшон” корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои он ба анҷом расонида шудаанд.Ҳамчунин соли равон дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ ва даҳҳо корхонаҳои дигар таъсис ёфтанд.
https://sputnik.tj/20221129/maqomdoron-az-rushdi-sanoat-ba-prezident-khabar-dodand-1053155719.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103054/41/1030544131_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_35fc2f8848b4ff6d16db43ad56e57e1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, коргоҳ, корхона, вилоят, ҷойҳои кории нав, ифтитоҳ
тоҷикистон, суғд, коргоҳ, корхона, вилоят, ҷойҳои кории нав, ифтитоҳ
Мақомоти Суғд шумори коргоҳу корхонаҳои нав дар вилоятро расонаӣ кард
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон дар соли равон 151 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 2820 ҷойи нави корӣ ифтитоҳ ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тавре мақомоти вилояти Суғд хабар додаанд, дар натиҷаи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ давоми 11 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 151 корхонаву коргоҳи нав бо фарогирии 2820 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар ин бора зимни баргузории Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум, ки ахиран доир гардид, гуфта шуд.
Тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд, дар иҷлосия зикр гардид, ки давоми 11 моҳи соли равон дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21759,9 миллион сомонӣ расонида шуд.
Ба иттилои манбаъ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар вилоят аз ҷониби корхонаи муштараки “Зарафшон” корхонаи нави металлургӣ бунёд гардида истодааст, ки то имрӯз 95 фоизи корҳои он ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳамчунин соли равон дар вилоят 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 46 ҷойи корӣ ва даҳҳо корхонаҳои дигар таъсис ёфтанд.