https://sputnik.tj/20221205/niyat-tojikiston-pardokhti-qarib-dollar-qarz-1053270409.html
Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик
Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик
Sputnik Тоҷикистон
Дар тарҳи харҷу дахли Тоҷикистон барои 3 соли оянда, ки ҳукумат таҳия карда, Маҷлиси намояндагон онро тасдиқ намуд, пардохти қарзҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст
2022-12-05T09:48+0500
2022-12-05T09:48+0500
2022-12-05T09:48+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарзҳо
зиёд шуд
пардохт
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_e37cdf54f012cb759a9ae1a58c0e44c4.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Ин нукта дар лоиҳаи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 мушаххас шудааст. Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар баробар шудааст. Қаблан хабар дода шуд, ки барои пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон дар соли оянда дар маҷмуъ соли оянда 3,4 млрд сомонӣ равона мегардад. Тавзеҳ дода шудаст, ки пардохти 2,4 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 997 млн сомонӣ аз ҳисоби иҷрои уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии корхонаҳои давлатӣ дар назар аст. Давлати Тоҷикистон рушди иқтисоди миллиро дар соли 2023 ҳудуди 7,8% пешбинӣ кардаст. Бар асоси дурнамои блоки иқтисодии Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ - ММД соли оянда муодили 127,3 млрд сомонӣ хоҳад шуд. Маҳз бо такя бо ин нишондод харҷу дахли Тоҷикистон дар соли баъдӣ ҳисобу пешбинӣ гардидаст.Дар тарҳи буҷети соли соли 2023, ки ахиран парлумон қабул кард, қисми даромад беш аз 37,1 млрд сомонӣ ва қисми хароҷот 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20221202/tojikiston-mlrd-dollar-digar-qarz-1053228881.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102903/36/1029033659_96:0:1803:1280_1920x0_80_0_0_83d4f46299275f5358c4c68174fd39c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, миллиард, доллар, қарз, доданист
душанбе, миллиард, доллар, қарз, доданист
Нияти Тоҷикистон барои пардохти қариб 1 млрд доллар қарз дар солҳои наздик
Дар тарҳи харҷу дахли Тоҷикистон барои 3 соли оянда, ки ҳукумат таҳия карда, Маҷлиси намояндагон онро тасдиқ намуд, пардохти қарзҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Ин нукта дар лоиҳаи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 мушаххас шудааст.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар баробар шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки барои пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон дар соли оянда дар маҷмуъ соли оянда 3,4 млрд сомонӣ равона мегардад. Тавзеҳ дода шудаст, ки пардохти 2,4 млрд сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 997 млн сомонӣ аз ҳисоби иҷрои уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии корхонаҳои давлатӣ дар назар аст.
Давлати Тоҷикистон рушди иқтисоди миллиро дар соли 2023 ҳудуди 7,8% пешбинӣ кардаст. Бар асоси дурнамои блоки иқтисодии Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ - ММД соли оянда муодили 127,3 млрд сомонӣ хоҳад шуд. Маҳз бо такя бо ин нишондод харҷу дахли Тоҷикистон дар соли баъдӣ ҳисобу пешбинӣ гардидаст.
Дар тарҳи буҷети соли соли 2023, ки ахиран парлумон қабул кард, қисми даромад беш аз 37,1 млрд сомонӣ ва қисми хароҷот 38,1 млрд сомониро ташкил медиҳад. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.