https://sputnik.tj/20221221/rusiya-tedodi-sarbozon-million-nafar-1053678730.html
Русия мехоҳад теъдоди сарбозонашро ба 1,5 миллион нафар расонад
Русия мехоҳад теъдоди сарбозонашро ба 1,5 миллион нафар расонад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия аз раҳбарияти кишвар даъват кард, ки теъдоди сарбозон дар артиши кишварро ба 1,5 миллион нафар расонанд
2022-12-21T20:45+0500
2022-12-21T20:45+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
сергей шойгу
артиш
сарбозон
вазири дифоъ
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1c/1052502290_0:82:3070:1809_1920x0_80_0_0_89916483c0394a3db97c5a0675b66690.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҷаласаи ҷамъбастии вазорати дифои Русия гуфт, теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд то ба 1,5 миллион нафар, расонида шавад, ки аз он 695 ҳазораш бояд тариқи шартнома ба сафи артиш ҷалб шаванд.Инчунин вазири дифои Русия дар ин ҷаласа қайд кард, ки тавоноии ҷангии артиши Русия дар соли 2022 беш аз 13 дарсад афзоиш ёфтааст.Дар ҳамин ҷаласа вазири дифои Русия дар бораи сабаби низоъ дар Украина изҳори назар кардБа гуфтаи вай сабаби низоъ дар Украина табаддулоти давлатӣ дар Киев буд, ки аз ҷониби Ғарб дар соли 2014 маблағгузорӣ ва дастгирӣ мешуд.Вай илова кард, ки пас аз ифшои ҳадафҳои аслии тавофуқоти Минск аз сӯи Ангела Меркел, Петр Порошенко ва дигар сиёсатмадорон ба ҳама маълум шуд, ки Русия сарчашмаи муноқиша дар Украина нест.“Сабаби низоъ ин табаддулоти давлатиест, ки аз ҷониби Ғарб маблағгузорӣ шуд ва ба сари қудрат дар Киев дар соли 2014, нирӯҳои зиддирусия омаданд ва мардуми бародарро аз ҳам ҷудо карданд. Ҳамин буд, ки дар Донбасс як бархӯрди мусаллаҳона барангехт”, - гуфт Шойгу.
https://sputnik.tj/20221216/medvedev-hadafhoi-qonuni-artishi-rusiya-ukraina-1053569289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1c/1052502290_24:0:2755:2048_1920x0_80_0_0_4be1fb75de54bffe2808ea7462905077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, шойгу, артиш, теъдод, афзоиш, сарбозон, вазири дифоъ
русия, шойгу, артиш, теъдод, афзоиш, сарбозон, вазири дифоъ
Русия мехоҳад теъдоди сарбозонашро ба 1,5 миллион нафар расонад
20:45 21.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Вазири дифои Русия аз раҳбарияти кишвар даъват кард, ки теъдоди сарбозон дар артиши кишварро ба 1,5 миллион нафар расонанд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар ҷаласаи ҷамъбастии вазорати дифои Русия гуфт, теъдоди нерӯҳои мусаллаҳи Русия бояд то ба 1,5 миллион нафар, расонида шавад, ки аз он 695 ҳазораш бояд тариқи шартнома ба сафи артиш ҷалб шаванд.
"Барои ҳалли вазифаҳои таъмини амнияти низомии Русия зарур аст, ки теъдоди сарбозон дар Қувваҳои Мусаллаҳ то ба 1,5 миллион нафар расонида шавад, аз ҷумла 695 ҳазори он бояд низомиёне бошанд, ки тариқи шартнома ба сафи артиш ҷалб шудаанд”, - гуфт Шойгу.
Инчунин вазири дифои Русия дар ин ҷаласа қайд кард, ки тавоноии ҷангии артиши Русия дар соли 2022 беш аз 13 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҷаласа вазири дифои Русия дар бораи сабаби низоъ дар Украина изҳори назар кард
Ба гуфтаи вай сабаби низоъ дар Украина табаддулоти давлатӣ дар Киев буд, ки аз ҷониби Ғарб дар соли 2014 маблағгузорӣ ва дастгирӣ мешуд.
“Ғарб дар Киев ба сари қудрат нерӯҳои зидди Русияро овард”, - гуфт Сергей Шойгу.
Вай илова кард, ки пас аз ифшои ҳадафҳои аслии тавофуқоти Минск аз сӯи Ангела Меркел, Петр Порошенко ва дигар сиёсатмадорон ба ҳама маълум шуд, ки Русия сарчашмаи муноқиша дар Украина нест.
“Сабаби низоъ ин табаддулоти давлатиест, ки аз ҷониби Ғарб маблағгузорӣ шуд ва ба сари қудрат дар Киев дар соли 2014, нирӯҳои зиддирусия омаданд ва мардуми бародарро аз ҳам ҷудо карданд. Ҳамин буд, ки дар Донбасс як бархӯрди мусаллаҳона барангехт”, - гуфт Шойгу.