Медведев гуфт, аҳдофи қонунӣ барои артиши Русия дар Украина кист

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран гуфтааст, ки раҳбарияти сиёсӣ ва низомии Укриана аҳдофи қонунии артиши Русия хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар шабакаи Telegram-и худ дар бораи аҳдофи қонунии низомии артиши Русия дар Украинаро тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи вай, Русия имкон дорад раҳбарияти низомиву сиёсии кишвари душман ва нерӯҳои мусаллаҳи дигар кишварҳои шарики душманро зери ҳадаф қарор бидиҳад.
Медведев навиштааст, ки дар ҷараёни муноқишаи кунунӣ бо Украина масъалаи аҳдофи қонунӣ ба таври гуногун шарҳ дода мешавад, аммо “қоидаҳои рафтор дар замони ҷанг (jus in bello) вуҷуд доранд, ки аз муқаддасоти қадима ба мо расидаанд”.
Медведев дар посух ба ин суол, ки чиро бояд ҳадафҳои низомии қонунӣ арзёбӣ кард, панҷ банди қоидаҳои ҷангро номбар кард.
Киев, площадь Независимости  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
ИМА аз Рӯзи қиёмат дар Украина хабар доданд
Ба гуфтаи вай ин “раҳбаарияти низомию сиёсии кишвари душман” ва “қувваҳои мусаллаҳи дигар мамлакатҳое, ки расман ворид шудаанд, ки шарикони кишвари душман мебошанд ва иншооти минтақаҳои онҳо.
Инчунин, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия афзуд, ки “ҳар сарбози душман (ҷангиёни қонунӣ ва ҷангҷӯёни ғайриқонунӣ), ки аз қувваҳои мусаллаҳи он расман бароварда нашудаанд”; “хар як техникаи низомӣ ва ёрирасони душман”; "ҳар иншооте, ки ба зерсохтори низомӣ тааллуқ доранд, инчунин зерсохторҳои шаҳрвандӣ, ки ба расидан ба ҳадафҳои низоми мусоидат мекунанд", ҳадафи қонунӣ шуморида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0