Қарори ҳукумати Тоҷикистон барои тағйирот дар рӯзҳои истироҳату корӣ дар соли 2023

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЗаседание правительства Таджикистана 8 апреля 2016 года
Заседание правительства Таджикистана 8 апреля 2016 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷадвали рӯзҳои истироҳату корӣ дар соли оянда бархе тағйирот ворид намуда, таътилҳои пайиҳами аз 3 то 6-рӯзаро зиёд кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тоҷикистониён дар соли 2023 рӯзҳои истироҳати пайиҳам бештар хоҳанд дошт. Қарори ҳукумат дар ин бораро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.
Бар асоси санади мазкур, сокинони Тоҷикистон дар Наврӯзи соли оянда 6 рӯз паиҳам истироҳат хоҳанд дошт. Ҳукумат қарор кардааст, рӯзи истироҳати 18 марти 2023-ро ба рӯзи душанбеи 20-уми март гузаронад.
Расман Наврӯз дар Тоҷикистон аз 21 то 24 март таҷлил мегардад. Соли оянда истироҳатҳои наврӯзӣ аз 19 март оғоз мегарданд. Онҳое, ки ҳафтаи 5-рӯзаи корӣ доранд, дар Наврӯз 8 рӯз истироҳат мекунанд, чун шанбе ва якшанбе ба 25-у 26 март рост меоянд.
Ҳамчунин бар асоси қарори ҳукумат рӯзи шанбеи 6 май ба душанбеи 8 май гузаронда хоҳад ва ҳамин тариқ тоҷикистониён дар солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 3 рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Праздничные и выходные дни 
в Таджикистане в январе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Моҳи аввали Соли нав: Тақвим барои моҳи январ дар Тоҷикистон
Истироҳати серӯзаи дигар тоҷикистониёнро дар таҷлили Рӯзи Ваҳдат интизор аст. Ҳукумат истироҳати рӯзи шанбеи 24 июнро ба душанбеи 26 июни соли 2023 гузаронд. Ҳамин тариқ тоҷикистониён аз рӯзҳои 25, 26 ва 27 июн истироҳат хоҳанд дошт.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 27 июн чун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Далели ин қарори ҳукумати Тоҷикистон талаботи моддаи 89-уми Кодекси меҳнати ҷумҳурӣ арзёбӣ мегарданд.
Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0