https://sputnik.tj/20221219/moh-avval-soli-nav-taqvim-yanvar-tojikiston-1053625406.html
Моҳи аввали Соли нав: Тақвим барои моҳи январ дар Тоҷикистон
Моҳи аввали Соли нав: Тақвим барои моҳи январ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон кард, ки сокинони кишвар дар оғози соли ҷадид ҳадди ақал ду рӯз истироҳат хоҳанд дошт
2022-12-19T18:40+0500
2022-12-19T18:40+0500
2022-12-19T18:40+0500
тасвирбаён
соли нав
моҳ
истироҳат
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/13/1053617684_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_b6278283e1550688f6deb2de4e9f050f.png
Таҷлили Соли нав - 1 январ ба рӯзи якшанбе рост меояд, бинобар ин таътил рӯзи дигар низ идома хоҳад дошт.Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.Ҳамин тариқ тоҷикистониён дар таътили дурӯза - 1 ва 2 январ метавонанд фарорасии соли навро таҷлил кунанд.Кӣ 2 рӯзу кӣ 3 рӯз истироҳат мекунад? Тақвими таътили ҳамагонии солинавӣ дар ТоҷикистонОнҳое, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд, якбора се рӯз - 31 декабри соли равон ва 2 рӯзи аввали соли оянда истироҳат хоҳанд дошт.Маврид ба зикр аст, ки шаҳру навоҳии Тоҷикистон аллакай ба ҷашни Соли нав омодагӣ дида, арчаҳоро насбу ороиш додаанд.Дар Душанбе чароғҳои солинавӣ фурӯзон шуданд: пойтахт ба ҷашн омода - аксДар шаҳри Душанбе дар майдони Истиқлол арчаи асосӣ рӯшан шуда, ҷодаҳои пойтахт барои соли нави 2023 комилан оро дода шуд. Дар шаҳр ҳазорҳо чароғҳо фурӯзон шуданд, қаҳрамонҳои афсонавӣ кӯчаю боғҳоро зинат медиҳанд.Дар рӯзҳои ҷашнӣ дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамчунин барои қишри ниёзманди ҷомеа чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/13/1053617684_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_b516cc310be4bd8626ec2f5091d061a5.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тақвим, тасвирбаён, моҳи аввал, январ, истироҳат
тоҷикистон, тақвим, тасвирбаён, моҳи аввал, январ, истироҳат
Моҳи аввали Соли нав: Тақвим барои моҳи январ дар Тоҷикистон
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон эълон кард, ки сокинони кишвар дар оғози соли ҷадид ҳадди ақал ду рӯз истироҳат хоҳанд дошт
Таҷлили Соли нав - 1 январ ба рӯзи якшанбе рост меояд, бинобар ин таътил рӯзи дигар низ идома хоҳад дошт.
Бар асоси банди 5-уми моддаи 89-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, агар рӯзи истироҳат ба иди ғайрикорӣ рост ояд, таътил ба рӯзи аввали кории баъд аз ид гузаронда мешавад.
Ҳамин тариқ тоҷикистониён дар таътили дурӯза - 1 ва 2 январ метавонанд фарорасии соли навро таҷлил кунанд.
Онҳое, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд, якбора се рӯз - 31 декабри соли равон ва 2 рӯзи аввали соли оянда истироҳат хоҳанд дошт.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳру навоҳии Тоҷикистон аллакай ба ҷашни Соли нав омодагӣ дида, арчаҳоро насбу ороиш додаанд.
Дар шаҳри Душанбе дар майдони Истиқлол арчаи асосӣ рӯшан шуда, ҷодаҳои пойтахт барои соли нави 2023 комилан оро дода шуд. Дар шаҳр ҳазорҳо чароғҳо фурӯзон шуданд, қаҳрамонҳои афсонавӣ кӯчаю боғҳоро зинат медиҳанд.
Дар рӯзҳои ҷашнӣ дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳамчунин барои қишри ниёзманди ҷомеа чорабиниҳои солинавӣ гузаронида мешаванд.