https://sputnik.tj/20221221/azm-toshkand-maskav-himoyat-omuzgoron-1053664514.html
Азми Тошканду Маскав барои ҳимояти омӯзгорон аз фармудаҳои ғайритаълимии маъмурият
Азми Тошканду Маскав барои ҳимояти омӯзгорон аз фармудаҳои ғайритаълимии маъмурият
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбекистон ва Русия мехоҳанд пеши роҳи ҷалби омӯзгоронро ба маъракаю чорабиниҳое, ки ба раванди таълим рабт надоранд, пешгирӣ намоянд
2022-12-21T11:55+0500
2022-12-21T11:55+0500
2023-02-08T19:46+0500
ӯзбекистон
дар русия
маориф
омӯзгор
таълим
ҷавобгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045141583_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_64262b84e933d45e0dd98196b473191c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Қонунгузорони Русия ва Ӯзбекистон мехоҳанд барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ кунанд. Лоиҳаи дахлдори қонун аллакай дар дастгоҳи президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад. Бо назардошти он, ки омӯзгорон дар Ӯзбекистон даҳсолаҳо боз ба корҳои саҳро ҷалб мешаванд, ташаббус хеле мубрам арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла дар бархе ҷумҳуриҳои пахтакор ҷалби хонандагону омӯзгорон ба пахтачинии мавсимӣ ба ҳукми анъана доаромадаст. Ин иқдоми Ӯзбекистон дар ҳолест, ки дар Русия низ барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои омӯзгор ташаббус нишон доданд. Қонунгузорҳои ФР низ пешниҳод кардаанд, пеши роҳи ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ гирифта шавад. Муовини раиси Думаи давлатии Русия, Александр Чернишов, бо истинод ба азми бархе аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ӯзбекистон барои роҳандозии ҷавобгарӣ дар чунин ҳолатҳо, татбиқи онро дар ФР низ муҳим хонд.Ӯ изҳор дошт, ки чунин тарҳро бар баррасии вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод хоҳанд кард. "Баъзе маъмуриятҳои мактабҳо омӯзгоронро маҷбур мекунанд, ки корҳои машғул шаванд, ки хоси омӯзгорон нестанд. Пешгирии ин зуҳурот махсусан дар арафаи Соли омӯзгор ва мураббӣ дар Русия хеле муҳим аст", - таъкид намуд ноиби раиси Думаи давлатӣ. Вай таъкид намуд, ки аз роҳи ҳимоят қадру манзалати бузурги омӯзгоронро дар ҷомеа барқарор хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20221124/tojikiston-zaboni-rusi-tavajjuh-1053038047.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045141583_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_370c999029d0c2ee454b5a8cf5805b28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, русия, омӯзгор, ҳимоят, раванд, таълим
ӯзбекистон, русия, омӯзгор, ҳимоят, раванд, таълим
Азми Тошканду Маскав барои ҳимояти омӯзгорон аз фармудаҳои ғайритаълимии маъмурият
11:55 21.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Дар Ӯзбекистон ва Русия мехоҳанд пеши роҳи ҷалби омӯзгоронро ба маъракаю чорабиниҳое, ки ба раванди таълим рабт надоранд, пешгирӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Қонунгузорони Русия ва Ӯзбекистон мехоҳанд барои ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ ҷавобгарии ҷиноӣ ҷорӣ кунанд.
Лоиҳаи дахлдори қонун аллакай дар дастгоҳи президенти ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дорад.
Бо назардошти он, ки омӯзгорон дар Ӯзбекистон даҳсолаҳо боз ба корҳои саҳро ҷалб мешаванд, ташаббус хеле мубрам арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла дар бархе ҷумҳуриҳои пахтакор ҷалби хонандагону омӯзгорон ба пахтачинии мавсимӣ ба ҳукми анъана доаромадаст.
Ин иқдоми Ӯзбекистон дар ҳолест, ки дар Русия низ барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои омӯзгор ташаббус нишон доданд. Қонунгузорҳои ФР низ пешниҳод кардаанд, пеши роҳи ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайритаълимӣ гирифта шавад.
Муовини раиси Думаи давлатии Русия, Александр Чернишов, бо истинод ба азми бархе аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ӯзбекистон барои роҳандозии ҷавобгарӣ дар чунин ҳолатҳо, татбиқи онро дар ФР низ муҳим хонд.
Ӯ изҳор дошт, ки чунин тарҳро бар баррасии вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод хоҳанд кард.
"Баъзе маъмуриятҳои мактабҳо омӯзгоронро маҷбур мекунанд, ки корҳои машғул шаванд, ки хоси омӯзгорон нестанд. Пешгирии ин зуҳурот махсусан дар арафаи Соли омӯзгор ва мураббӣ дар Русия хеле муҳим аст", - таъкид намуд ноиби раиси Думаи давлатӣ.
Вай таъкид намуд, ки аз роҳи ҳимоят қадру манзалати бузурги омӯзгоронро дар ҷомеа барқарор хоҳанд кард.