Гумерова: Дар Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад

© Sputnik / Нина Зотина / Гузариш ба медиабонкПредседатель Комитета Совета Федерации по науке, образованию и культуре Лилия Гумерова
Председатель Комитета Совета Федерации по науке, образованию и культуре Лилия Гумерова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
Ҳамаи мактабҳои русие, ки дар Тоҷикистон сохта шудаанд, мувофиқи таҷрибаҳои беҳтарини таълими Федератсияи Русия фаъолият хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар Точикистон ба таълими забони русӣ диққати калон дода мешавад ва дар кишвар кори мактабҳои нав аз рӯи стандартҳои таълими русӣ инро тасдиқ мекунад.
Дар ин бора, Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия дар риштаи маориф ва илм дар ҷаласаи комиссияи ҳамкории палатаҳои болоии парлумонҳои Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки тамоми биноҳои мактабҳои русии дар Тоҷикистон сохташуда, тибқи таҷрибаҳои беҳтарини раванди таълим муҷаҳҳаз шудаанд.
Имрӯз дар онҳо ҳудуди 5 ҳазор кӯдак тибқи стандартҳои таълимии Русия таҳсил мекунанд.
"Ҳамаи мактабҳо бо адабиёт ва китобҳои дарсӣ таъминанд, ҳайати омӯзгорон пурра карда шудаанд. Дар заминаи донишгоҳҳои омӯзгории Русия зиёда аз 250 омӯзгор курсҳои такмили ихтисосро хатм кардаанд", - шарҳ дод Гумерова.
Ба гуфтаи вай, кушода шудани мактабҳои нав далели он аст, ки дар ҷумҳурӣ ба таълими забони русӣ аҳамияти калон дода мешавад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 60 нафар мутахассисони рус ба Тоҷикистон рафтанд.
Маълум шуд, чанд донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Ноиби раиси Шӯрои Федератсия Николай Журавлев ҳамчунин қайд кард, ки аз соли 2017, вақте, ки 29 омӯзгори аввал ба Тоҷикистон рафтанд, то имрӯз теъдоди омӯзгорони ширкаткунанда дар лоиҳа, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.
"Бо имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ташкили фаъолияти омӯзгорони рус дар низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар ин самт системавӣ шуд", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0