Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия мехоҳанд теъдоди парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш диҳанд

© Sputnik / Павел БедняковСамолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото
Самолет Airbus А320 авиакомпании Ural Airlines, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Якчанд ширкатҳои ҳавопаймоӣ якбора хоҳиши тақрибан ду баробар зиёд кардани парвозҳо байни шаҳрҳои Тоҷикистону Русияро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" тасмим гирифтааст, ки басомади парвозҳо ба се шаҳри Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Онҳо мехоҳанд, ки шумори парвозҳо дар як ҳафта аз се ба ҳафт маротиба - ба Бохтар ва Кӯлоб афзоиш ёбад ва ҳамчунин ҳафтае панҷ маротиба ба Хуҷанд парвоз кунанд.
Ширкати дигари ҳавопаймоии Русия бо номи Red Wings тасмим гирифтааст, ки ҳафтае панҷ маротиба аз Перм ба Душанбе парвоз кунад.
Илова бар ин, боз ду ширкати ҳавопаймоӣ қасд доранд парвозҳои мустақими байналмилалиро аз Перм ба Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2022
Парвоз зиёд, билет арзон, ҳавопаймоҳо нав мешаванд: Вакили тоҷик аз оқибати сабукиҳо гуфт
Дар ин санад, ки дар сомонаи Оҷонсии федеролии нақлиёти ҳавоӣ мунташир шуд, омадааст, ки интиқолдиҳандае, ки барои парвозҳо ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозаи доимӣ дорад, ширкати Nordwind Airlines мебошад.
Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Русия дар комиссияи байниидоравӣ бояд дар бораи додани иҷозат барои парвоз ё рад кардани он қарор қабул кунад.
Ёдовар мешавем, ки гирифтани иҷозатнома маънои оғози зуд ва дақиқи парвозҳои мустақимро надорад. Иҷозатнома ба интиқолдиҳанда имкон медиҳад, ки барномаи парвозро таҳия кунад.
Лентаи хабарҳо
0