Поёнравии нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон: сабабу авомил

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПродукты питания, архивное фото
Продукты питания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Якчанд омилҳои беруна якбора имкон доданд, ки арзиши орд, равған, шакар ва тухм дар кишвар, аз ҷумла назорати давлатӣ аз болои нархҳо паст карда шавад
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Шурӯъ аз аввали моҳи декабр дар Тоҷикистон коҳиши назарраси қимати маводи ниёзи аввалия ба мушоҳида мешавад.
Огаҳони авзоъ чунин иттифоқро дар шароите, ки дар ҷаҳон ҳарфҳо аз эҳтимоли болоравӣ ва ҳатто камбуди маводи ғизоӣ бештар ба гӯш мерасад, ғайримунтазира мешуморанд.
Тибқи иттилое, ки аз сӯи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, дар қимати орд, равған ва шакар коҳиш ба назар мерасад ва қимати тухм, ки ба як бор дар кишвар сууд карда буд, рӯ ба суқут овардааст.
Нархи гандуми аз Қазоқистон харидоришаванда, ки яке аз содироткунандаи асосии маҳсулоти орд ва гандум (95,42 то 99,85 фоиз) ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, айни замон бо нархҳои аз 290 то 325 доллар барои 1 тон пешниҳод мешавад.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Русия мехоҳад содироти орд ва ғалларо ба бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
Дар натиҷаи ин ҳоло дар бозорҳои истеъмолӣ ба ҳисоби миёна як халта орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ нисбат ба моҳи октябр мутаносибан аз 260 сомонӣ (нархи пастарин) ва 335 сомонӣ (нархи баландтарин) то ба 240 ва 310 сомонӣ (ҳудуди 7,46%) поён омадааст.
Соли равон қимати як халта орди навъи дуввум то 360 сомонӣ боло рафта буд.
Ба ҳамин минвол, рӯзҳои ахир қимати 1 кг шакар, ки бештар аз Ҳинд (92%) ворид мешавад), аз 10 ба 9,1 сомонӣ (10%) поён рафт, дар ҳоле ки дар кишварҳои ҳамсоя, бино ба маълумоти расонаҳо, нархи як килои шакар аз 15 сомонӣ поён нест.
Равғани растанӣ, ки асосан аз Қазоқистон (65%) ва Русия (25%) ворид мешавад, ҳамзамон аз ҳисоби афзойиши истеҳсоли дохилӣ (ҳудуди 5%) ба ҳисоби миёна аз 24 ба 26 сомонӣ то 16 ба 20 сомонӣ (20-25%) коҳиш ёфт.
Нархи тухм, ки як – ду моҳи ахири соли равон (октябр – ноябр) дастхуши болорави қарор гирифта буд, рӯ ба пойинравӣ кардааст.
Рынок в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Болоравии нархи тухм дар бозорҳои Тоҷикистон: Сабаб дар чист? – видео
Тайи ин муддат як қутии 30 – донагии тухм дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон аз 24 сомонӣ ба 55 – 60 сомонӣ (ҳудуди 100%) боло рафта, норизоиятиҳоеро низ ба миён оварда буд, зеро Тоҷикистон тухми хӯрокиро ба қадри кофӣ (беш аз 800 миллион адад тайи 11 моҳи гузашта) истеҳсол ва фақат тухми инкубатсионӣ ворид мекунад.
Айни замон, нархи 1 дона тухми мурғ дар фермаҳои парандапарварӣ аз 1,20 то ба 1,50 сомонӣ истеҳсол мешавад ва бино ба додаҳои ахир, аз 1,65-1,70 сомонии охири моҳи ноябр ба 1,40 - 1,50 сомонӣ пойин омадааст.
Огаҳони авзоъ чунин иттифоқотро дар шароите, ки дар ҷаҳон ҳарфҳо аз эҳтимоли болоравӣ ва ҳатто камбуди маводи ғизоӣ бештар ба гӯш мерасад, ғайримунтазира мешуморанд.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Ҷамъоварии наздик ба як миллион тонн ғаладонагӣ дар Тоҷикистон
Аммо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади танзими давлатии нархҳои молу маҳсулоти истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо ин ниҳод фармоишеро ба тасвиб расонд, ки аз 15 июли соли 2022 то 30 июли соли 2023 амал хоҳад кард.
Бино ба он, барои молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор доранд, корхонаҳои истеҳсолии дохилӣ аз 10 фоиз ва ширкатҳои воридкунанда аз 8 фоиз зиёд набояд ҳаҷми фоида муқаррар кунанд.
“Аз сӯи дигар, тибқи таҳлилҳо, дар давлатҳои истеҳсолкунанда пастравии қурби асъори хориҷӣ ба назар мерасад ва ин вазъ дар 15 декабр нисбат ба 27 августи соли равон дар нархи як қатор номгӯи молу маҳсулот дар бозорҳои истеъмолӣ таъсир кард”, - гуфт ин ниҳод.
Далели дигари коҳишёбии нархи молу маҳсулот поён омадани нархи сӯзишворӣ аст, ки ба гунаи мисол, 1 литр бензини навъи АИ-95 ба 27,2%, 1 литр бензини навъи АИ – 92 ба 26,82%, 1 литр сӯзишвории дизелӣ ба 7,9% ва гази моеъ ба 24,24% поён омадааст.
Лентаи хабарҳо
0