https://sputnik.tj/20221027/rusiya-sodirot-ord-ghalla-bozor-tojikiston-afzoish-1052447138.html
Русия мехоҳад содироти орд ва ғалларо ба бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
Русия мехоҳад содироти орд ва ғалларо ба бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши мизони таваллуд дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақозоро ба воридоти ғалладона ва равғани растанӣ бештар хоҳад кард 27.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-27T09:00+0500
2022-10-27T09:00+0500
2022-10-27T09:00+0500
дар русия
дар тоҷикистон
иқтисод
осиёи марказӣ
орд
ғалла
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047470200_0:179:1920:1259_1920x0_80_0_0_426a56076704542a5817be696038aec5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Русия метавонад ҳузури худро дар бозорҳои ғаллаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Хазар афзоиш диҳад, хабар медиҳад Иттиҳодияи содиркунандагони ғаллаи Русия.Федератсияи Русия ба нақша гирифтааст, ки мавқеи худро мустаҳкам кунад ва барои ҳар як кишвар пешниҳодҳои рақобатпазир таҳия кунад. Ба гуфтаи Эдуард Зернин, раиси раёсати Иттиҳодияи содиркунандагони ғалла, кишварҳои Осиёи Марказӣ бозорҳои стратегии интиқоли ғалла ва орди Русия мебошанд. Афзоиши аҳолии давлатҳои минтақа ва шароити иқлим, ки на ҳамеша барои хоҷагии қишлоқ мусоид аст, ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ба ҳамдигар фоиданок бо Русия мусоидат мекунанд. Созмондиҳандагони ҳамоиш ҳамчунин таъкид карданд, ки мизони таваллуд дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бештар тақозо ба воридоти ғалладона ва зироатҳои равғандорро афзоиш хоҳад дод. Тибқи пешгӯиҳо, Тоҷикистон воридоти гандумро аз 1,1 миллион тоннаи соли 2021 то соли 2024 ба 1,4 миллион тонна мерасонад. Ӯзбекистон дар 5 моҳи аввали соли 2022 хариди гандум ва ордро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 30% афзоиш додааст.Дар ҳамин ҳол, қариб 90%-и воридоти ғалла ба ин ду кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад. Ва имкониятҳои содиротии он метавонад ба зудӣ аз сабаби сенарияи манфии марбут ба шиддат гирифтани норасоии об ва коҳиши қариб 40% ҳосил то соли 2030 коҳиш ёбад. Қобили зикр аст, ки барномаи анҷуман ба бозорҳои ғалладона ва маҳсулоти равғанин дар Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Эрон нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20220713/tojikiston-kohishyobii-voridoti-gandum-istehsoli-ord-1049957950.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/08/1047470200_213:0:1920:1280_1920x0_80_0_0_327bf947b41812e28cc96751e964c4b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, иқтисод, осиёи марказӣ, орд, ғалла
дар русия, дар тоҷикистон, иқтисод, осиёи марказӣ, орд, ғалла
Русия мехоҳад содироти орд ва ғалларо ба бозори Тоҷикистон афзоиш диҳад
Афзоиши мизони таваллуд дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақозоро ба воридоти ғалладона ва равғани растанӣ бештар хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Русия метавонад ҳузури худро дар бозорҳои ғаллаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Хазар афзоиш диҳад, хабар медиҳад Иттиҳодияи содиркунандагони ғаллаи Русия.
Федератсияи Русия ба нақша гирифтааст, ки мавқеи худро мустаҳкам кунад ва барои ҳар як кишвар пешниҳодҳои рақобатпазир таҳия кунад. Ба гуфтаи Эдуард Зернин, раиси раёсати Иттиҳодияи содиркунандагони ғалла, кишварҳои Осиёи Марказӣ бозорҳои стратегии интиқоли ғалла ва орди Русия мебошанд.
Афзоиши аҳолии давлатҳои минтақа ва шароити иқлим, ки на ҳамеша барои хоҷагии қишлоқ мусоид аст, ба инкишофи муносибатҳои тиҷоратии ба ҳамдигар фоиданок бо Русия мусоидат мекунанд.
"Мо ба таҳкими ҳузури худ дар минтақа хушбин ҳастем ва омодаем, ки барои ҳар як кишвар пешниҳодҳои рақобатпазир таҳия кунем", - изҳор дошт Зернин дар ифтитоҳи Форуми ғаллаи Каспий ва Осиёи Марказӣ дар Тошканд.
Созмондиҳандагони ҳамоиш ҳамчунин таъкид карданд, ки мизони таваллуд дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бештар тақозо ба воридоти ғалладона ва зироатҳои равғандорро афзоиш хоҳад дод.
Тибқи пешгӯиҳо, Тоҷикистон воридоти гандумро аз 1,1 миллион тоннаи соли 2021 то соли 2024 ба 1,4 миллион тонна мерасонад. Ӯзбекистон дар 5 моҳи аввали соли 2022 хариди гандум ва ордро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 30% афзоиш додааст.
Дар ҳамин ҳол, қариб 90%-и воридоти ғалла ба ин ду кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад. Ва имкониятҳои содиротии он метавонад ба зудӣ аз сабаби сенарияи манфии марбут ба шиддат гирифтани норасоии об ва коҳиши қариб 40% ҳосил то соли 2030 коҳиш ёбад.
Қобили зикр аст, ки барномаи анҷуман ба бозорҳои ғалладона ва маҳсулоти равғанин дар Русия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Эрон нигаронида шудааст.