Маълум шуд, ки дар вилояти Суғд чанд кӯдак алайҳи бемории хатарнок моякӯбӣ шудааст

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкМедицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Обуна шудан
Масъулин хабар медиҳанд, ки аз оғози маъракаи моякӯбӣ алайҳи бемории пневмакоккӣ (роҳҳои нафас) дар вилояти Суғд як моҳ сипарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Ҷараёни баргузории ин маърака омореро гирд овардааст, ки давоми моҳи сентябр дар шимоли Тоҷикистон чанд кӯдак таваллуд шуда ва чанд нафари онҳо ба моякӯбӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд, омори таваллуди атфоли ду моҳа ва моякӯбии онҳо алайҳи сирояти бемории роҳҳои нафасро шарҳ доданд.
Зарина Тоҷибоева, роҳбари ин Марказ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки давоми ду моҳи гузашта дар вилояти Суғд чанд кӯдак таваллуд шуду чанд нафари онҳо ба моякубӣ фаро гирифта шудаанд.
“Дар моҳи сентябр дар ҳудуди вилояти Суғд таваллуди 5956 кӯдак ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумор 76 дарсад ва ё 4542 кӯдаки сини ду моҳа барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории роҳҳои нафас (пневмакок) моякӯбӣ шудаанд” – иттилоъ дод, манбаъ.
Дар назар аст, ки ин шумор атфол дар сини чор ва як солагӣ моякӯбии такрорӣ хоҳанд шуд.
Бино ба гуфтаи масъулини Маркази иммунопрофилактика, зимнан маъракаи моякӯбӣ миёни атфол дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд идома дорад.
Министр здравоохранения Таджикистана прививается против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Вазир бар зидди коронавирус боз ваксина гирифт
Чанде қабл масъулони Идораи тандурустии Суғд дар як ҳамоиш гуфта буданд, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 53,3 ҳазор кӯдаку навраси то синни 18-сола гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас шудаанд.
Ҳотамҷон Собиров, мутахассиси ин ниҳод иттилоъ дод, ки аз ин омор 2129 нафарашон гирифтори бемории илтиҳоби шуш шудаанд, ки 1291 нафарашонро кӯдакони то 5-сола ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи ин масъули Идораи тандурустӣ тайи ин 9 моҳ бар асари бемории илтиҳоби шуш 16 кӯдак дар вилояти Суғд фавтидаанд.
Табибон хуруҷи бемориҳои нафас дар миёни кӯдаконро зуд паҳншаванда арзёбӣ мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз онро хатарнок меноманд.
Масъулин роҳи ҷилавгирӣ аз хуруҷи ин бемориро дар моякӯбӣ мебинанд.
Лентаи хабарҳо
0