https://sputnik.tj/20221220/barrasii-masoil-hamkori-tojikiston-saad-1053647270.html
Баррасии масоили ҳамкориҳои бисёрҷониба Тоҷикистон дар СААД
Баррасии масоили ҳамкориҳои бисёрҷониба Тоҷикистон дар СААД
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран дар Маскав мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳднома Амнияти Дастаҷамъи баргузор шуд
2022-12-20T17:40+0500
2022-12-20T17:40+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
саад
равобит
парлумон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053646978_0:0:796:449_1920x0_80_0_0_23c44f397eca20c4c1cf7fe77898ee92.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар мулоқоти бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Сергей Поспелов масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кард.Тавре дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия миёни ҷонибҳо дар бораи натиҷаҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда зимни ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии XV–уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид, табодули афкор сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шаҳри Ереван мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуд.Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Акбар Насимзода дар ин ҷаласа изҳор доштааст, ки раванди муҳоҷират мураккаб буда, талошҳои муштаракро дар талаб дорад."Танзими равандҳои муҳоҷират ҳалли аксаран мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем", -зарур хонд генерали тоҷик.Вай дар идома номбар кардааст, ки кишварҳои узви СААД бояд дар кадом самтҳо табодули иттилою ҳамкориро таҳким бахшанд.Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти муштарак мехоҳад, изҳор доштаст Акбарзода.Кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои дигари асосии фаъолияти муштарак мебошанд, таъкид намуд ӯ.
https://sputnik.tj/20221219/zas-dabir-oyandai-saad-muvaffaqiyat-1053623897.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053646978_17:0:737:540_1920x0_80_0_0_95f090b11c463ec44a65cc1c47ba5de2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафорат, ҳамкориҳо, бисёрҷониба, саад, ҳамкорӣ, парламент
тоҷикистон, сафорат, ҳамкориҳо, бисёрҷониба, саад, ҳамкорӣ, парламент
Баррасии масоили ҳамкориҳои бисёрҷониба Тоҷикистон дар СААД
17:40 20.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Ахиран дар Маскав мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳднома Амнияти Дастаҷамъи баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода дар мулоқоти бо Котиби масъули Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Сергей Поспелов масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кард.
Тавре дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия миёни ҷонибҳо дар бораи натиҷаҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда зимни ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии XV–уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид, табодули афкор сурат гирифт.
“Ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкориҳои бисёрҷониба дар СААД, таҳкими фаъолияти минбаъда дар заминаи равобити байнипарламентӣ ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - хабар додааст сафорат.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш шаҳри Ереван мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ шуд.
Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Акбар Насимзода дар ин ҷаласа изҳор доштааст, ки раванди муҳоҷират мураккаб буда, талошҳои муштаракро дар талаб дорад.
"Танзими равандҳои муҳоҷират ҳалли аксаран мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориҳоро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем", -зарур хонд генерали тоҷик.
Вай дар идома номбар кардааст, ки кишварҳои узви СААД бояд дар кадом самтҳо табодули иттилою ҳамкориро таҳким бахшанд.
Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияти муштарак мехоҳад, изҳор доштаст Акбарзода.
Кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои дигари асосии фаъолияти муштарак мебошанд, таъкид намуд ӯ.