https://sputnik.tj/20221219/zas-dabir-oyandai-saad-muvaffaqiyat-1053623897.html
Зас ба дабири ояндаи СААД муваффақият хосту шарҳ дод, ки худаш куҷо меравад
Зас ба дабири ояндаи СААД муваффақият хосту шарҳ дод, ки худаш куҷо меравад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири феълӣ аз дабири ояндаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки нахустин намояндаи Қазоқистон дар ин мақом мебошад, тавсиф кард
2022-12-19T17:55+0500
2022-12-19T17:55+0500
2022-12-19T17:55+0500
саад
осиёи марказӣ
интихоб
таъйин
амният ва мудофиа
муваффақият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102065/25/1020652580_0:0:2178:1225_1920x0_80_0_0_b866d5f2cabf95eac52cb52f67156161.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Дабири кулли СААД, Станислав Зас дар пайи анҷоми салоҳияташ дар ин мақом ба Ватан - Белорус бармегардад. Зас зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти сол зикр намуд, ки то анҷоми кораш дар мақоми дабири кулли СААД рӯзҳои башумор мондаанд ва барои ҳамаи ҳамкоронаш изҳори сипос кард. Вай ба дабири ояндаи СААД, Имонгалӣ Тасмагамбетов муваффақият хост, ки аз аввали январи соли 2023 ба кор дар ин мақом оғоз мекунад."Имангалӣ Тасмагамбетов - инсонест, ки дорои таҷрибаи бойи ҳаёту кори идорӣ мебошад", - изҳор дошт ӯ. Дар мавриди фаъолияти ояндаи худ, Зас илова намуд, ки сари ин масъала бо президенти Белорус, Александр Лукашенко низ суҳбате дошт ва пеш аз оғози коре баъди бозгашт ба Ватан мехоҳад каме истироҳат кунад. Маврид ба зикр аст, ки аз оғози соли 2023 барои се соли оянда ваколатҳои дабири кулли СААД ба намояндаи Қазоқистон Тасмагамбетов мегузаранд. СААД, ки бо ҳадафи таъмини амнияти дастаҷамъӣ таъсис ёфтааст, феълан Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияро дар бар мегирад. Сарони кишварҳои узви ин созмон мунтазам мулоқотҳои онлайнию ҳузурӣ баргузорӣ карда, масоили мубрами қаламрави созмон ва вокунишҳои муштарак ба онҳоро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20221219/hisobot-dabir-kulli-spad-faoliyati-video-1053620155.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102065/25/1020652580_121:0:2041:1440_1920x0_80_0_0_4732957e0764bebc3af87002b8318fba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таманниёт, дабир, кул, оянда, саад
таманниёт, дабир, кул, оянда, саад
Зас ба дабири ояндаи СААД муваффақият хосту шарҳ дод, ки худаш куҷо меравад
Дабири феълӣ аз дабири ояндаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки нахустин намояндаи Қазоқистон дар ин мақом мебошад, тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Дабири кулли СААД, Станислав Зас дар пайи анҷоми салоҳияташ дар ин мақом ба Ватан - Белорус бармегардад.
Зас зимни нишасти матбуотии ҷамъбасти сол зикр намуд, ки то анҷоми кораш дар мақоми дабири кулли СААД рӯзҳои башумор мондаанд ва барои ҳамаи ҳамкоронаш изҳори сипос кард.
Вай ба дабири ояндаи СААД, Имонгалӣ Тасмагамбетов муваффақият хост, ки аз аввали январи соли 2023 ба кор дар ин мақом оғоз мекунад.
"Имангалӣ Тасмагамбетов - инсонест, ки дорои таҷрибаи бойи ҳаёту кори идорӣ мебошад", - изҳор дошт ӯ.
Дар мавриди фаъолияти ояндаи худ, Зас илова намуд, ки сари ин масъала бо президенти Белорус, Александр Лукашенко низ суҳбате дошт ва пеш аз оғози коре баъди бозгашт ба Ватан мехоҳад каме истироҳат кунад.
Маврид ба зикр аст, ки аз оғози соли 2023 барои се соли оянда ваколатҳои дабири кулли СААД ба намояндаи Қазоқистон Тасмагамбетов мегузаранд.
СААД, ки бо ҳадафи таъмини амнияти дастаҷамъӣ таъсис ёфтааст, феълан Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияро дар бар мегирад.
Сарони кишварҳои узви ин созмон мунтазам мулоқотҳои онлайнию ҳузурӣ баргузорӣ карда, масоили мубрами қаламрави созмон ва вокунишҳои муштарак ба онҳоро баррасӣ мекунанд.