Давандаи тоҷик дар Остона медал гирифт

© taniadimas /PixabayЛегкая атлетика, архивное фото
Легкая атлетика, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи варзиши сабук дар Қазоқистон иштирок карда, риштаи дав барандаи медали биринҷӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Остона мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Амин Туяков гардид, ки намояндаи Тоҷикистон низ дар он иштирок намуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин мусобиқа варзишгари тоҷик Илдар Аҳмадиев зӯрозмоӣ карда, медали биринҷӣ ба даст овард.
Тавзеҳ дода шуд, ки Аҳмадиев дар ду мусобиқа иштирок карда, дар дав ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 6.89 сония ҷои сеюмро гирифт.
Ду ҷои аввалро дар ин масофа варзишгарони Ҳонг Конг – Ҳонг Кит Ли бо нишондоди 6.77 сомния ва Кам Чинг Шак бо нишондоди 6.75 сония сазовор шуданд, омадааст дар иттилоия.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Аҳмадиев инчунин дар ҷаҳиш ба дарозӣ иштирок кард, аммо ба гирифтани медал ноил нашуд ва танҳо ҷои нуҳумро ишғол намуд.
Куштигири навраси тоҷик, Муҳаммадамин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2022
Навраси 80-килоии тоҷик пирӯзи мусобиқаи байналмилалӣ шуд
Зикр гардидаст, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла барои ҷои аввал 100 ҳазор танга, ҷои дуюм 50 ҳазор ва ҷои сеюм 30 ҳазор танга мукофотпулӣ дода шудаст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикстон афзуд, ки ба барномаи мусобиқа 15 сабқати варзиши сабук миёни мардҳо ва занон ворид гардида буд.
Дар доираи мусобиқа дав миёни устодон дар масофаи 800 метр ва сабқат миёни кӯдакон дар масофаи 60 метр ва эстафетаи омехтаи 4х200 метр доир шуд.

Ин нахустин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Амин Туяков буд, ки дар он намояндагон аз Ҳонг Конг, Қирғизистон, Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистон иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки Амин Елемисович Туяков - варзишгари Иттиҳоди Шӯравӣ дар масофаҳои кӯтоҳи дав - ғолиб ва ҷоизадори Чемпионати ИҶШС, рекордгузори ИҶШС, ғолиби Ҷоми Аврупо, ҷоизадори Чемпионати Аврупо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0