Уфти рубл дар бозори арзи Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби пули миллӣ устувор мешавад. Рубл уфти бештар дошта, доллар бетағйир мондаву, аммо евро каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард. Рубли русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ чаҳор сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди ин ниҳод чунин поинравии пули русӣ пас аз чанд муддат аввалин бор буда, ҳоло 1000 рубл 156,5сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 160,5 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори амрикоӣ бошад, бидуни тағйир мондааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.2042 сомонӣ медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ каме боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 10.8511 сомонӣ медиҳанд.
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Мишустин ба кишварҳои ИДМ даъват кард, ки аз доллар даст кашанд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 155 сомонӣ ва зимни фурӯш 161 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" ва "Алифбонк" қурби ҳазор рублро зимни харид 156,5 ва дар фурӯш 159 сомонӣ муайян намудаанд.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 156,5 ва ҳангоми фурӯш 160 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0