https://sputnik.tj/20221219/tojikiston-uzbekiston-maz-barrasi-1053633954.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили мазиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили мазиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Гулистони Ӯзбекистон Душанбе ва Тошканд гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатиро муҳокима карданд
2022-12-19T22:00+0500
2022-12-19T22:00+0500
2022-12-19T22:00+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
марз
муҳокима
баррасӣ
масоил
демаркатсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_0:132:1280:852_1920x0_80_0_0_9694ee279844b3a17701e8fc0eb04c82.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Дар вохӯрӣ пешниҳодҳои тарафҳо дар бораи гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҳамзамон зимни музокирот тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд.Зикр гардидааст, ки дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.Инчунин вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.Маврид ба зикраст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат тасвиб шуд.Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
https://sputnik.tj/20221201/vukh-muzokirot-tojikiston-uzbekiston-alomatguzori-marz-1053191430.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_c83984e79ffad9c6a288f90659129379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, масоили марзӣ, гулистон, демаркатсия, сарҳад, давлатӣ, муҳокима
тоҷикистон, ӯзбекистон, масоили марзӣ, гулистон, демаркатсия, сарҳад, давлатӣ, муҳокима
Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили мазиро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Гулистони Ӯзбекистон Душанбе ва Тошканд гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатиро муҳокима карданд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар шаҳри Гулистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид, иттилоъ додааст вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ пешниҳодҳои тарафҳо дар бораи гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Узбекистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон зимни музокирот тарафҳо корҳои анҷомдодаро дар соли 2022 натиҷагирӣ карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар поёни нишаст Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Инчунин вазорати хориҷаи кишвар хабар додааст, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Маврид ба зикраст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат тасвиб шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.