https://sputnik.tj/20221201/vukh-muzokirot-tojikiston-uzbekiston-alomatguzori-marz-1053191430.html
ВУХ аз музокироти навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории марз гуфт
ВУХ аз музокироти навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории марз гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки музокироти навбатӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сари масъалаи аломатгузории марз анҷом ёфт
2022-12-01T11:24+0500
2022-12-01T11:24+0500
2022-12-01T11:58+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039853508_0:69:3073:1797_1920x0_80_0_0_6b93cbdc3c000d277755dd3b6d2dc255.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вохӯрии навбатӣ доир намуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.Бино ба гузориши манбаъ, аз 23 то 30 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.Манбаъ ҷузъиёти ин вохӯриро ифшо накард ва ҳамчунин зикр нашуд, ки дар мулоқоти навбатӣ ҷонибҳо ба чӣ тавофуқ расиданд.Танҳо қайд гардид, ки музокироти баъдӣ дар қаламрави Ӯзбекистон дар ояндаи наздик сурат мегирад.Маврид ба зикраст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат тасвиб шуд.Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
https://sputnik.tj/20221126/afzoishi-gardishi-mol-tojikistonu-uzbekiston-1053078533.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039853508_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_fe1184b5a24aa8adfca0428b693ea2e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ӯзбекистон марз
тоҷикистон ӯзбекистон марз
ВУХ аз музокироти навбатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи аломатгузории марз гуфт
11:24 01.12.2022 (Навсозишуда: 11:58 01.12.2022) Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки музокироти навбатӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон сари масъалаи аломатгузории марз анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вохӯрии навбатӣ доир намуданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, аз 23 то 30 ноябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҳокима гардиданд.
Манбаъ ҷузъиёти ин вохӯриро ифшо накард ва ҳамчунин зикр нашуд, ки дар мулоқоти навбатӣ ҷонибҳо ба чӣ тавофуқ расиданд.
Танҳо қайд гардид, ки музокироти баъдӣ дар қаламрави Ӯзбекистон дар ояндаи наздик сурат мегирад.
Маврид ба зикраст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар қаламрави Ӯзбекистон чунин як мулоқот баргузор гардид ва пас аз анҷоми он протоколи дахлдор аз сӯи гурӯҳҳои кории ҳар ду давлат тасвиб шуд.
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.