Суғд: Зимистон фаро расид, аммо ҳанӯз қатъи барқрасонӣ идома дорад

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Бо фаро расидани фасли сармо, ҳамоно дар манотиқи шимоли Тоҷикистон мушкили қатъи барқрасонӣ хатима наёфтааст, ки сокинонро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Сокинони шаҳру навоҳии Суғд мегуянд, рӯзи шабҳои фасли сарди зимистонро бо мушкили камбуди барқ сипарӣ мекунанд.
Неъматулло Абдуллоев яке аз сокинони ноҳияи Спитамен дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон реҷаи хомушкунии барқро шарҳ дод. Ӯ гуфт, ҳам рӯзу ҳам шаб, барқи хонаҳояшон қатъ карда мешавад.

“Шабона аз соати 22: 00 то 05:00 субҳ ва рӯзона аз соати 09:00 то соати 15: 00 интиқоли барқро боз медоранд”, – иброз намуд, сокини ноҳияи Спитамен.

Мушкили қатъи барқрасонӣ ду моҳ қабл аз оғози фасли зимистон дар шаҳру навоҳии умдатан кӯҳистони Суғд шурӯъ шуда буд. Он замон масъулони Идораи барқ онро ба таъмири хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқӣ шарҳ дода мегуфтанд, ки ин ҳама барои дар фасли сармо барои бе мушкил бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолии кишвар аст.
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Ваъдаи президенти Тоҷикистон барои лағви "лимит"-и барқ: Ӯ замонашро гуфт
Аммо ин дар ҳолест, ки аксар сокинони навоҳии кишвар дар бораи маҳдудуяти барқрасонӣ таъкид меварзанд.
Ромиз Шарипов як сокини деҳаи Далёни болои ноҳияи Деваштич мегуяд, ки бо шуруъи фасли сармо реҷаи барқрасонӣ тағйир наёфтааст.

“Шабона то 7 соат ва рӯзона то 8 соат барқро хомӯш мекунанд. Дар бораи сабаби қатъи барқрасонӣ ҳеҷ кас ҳеҷ чиз шарҳ намедиҳад. Аз сабаби набудани барқ ва сардӣ мо хонаҳоро бо таппаку ангишту ҳезум карда аз равшании шабъ истифода мебарем” - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Дар бораи мушкили қатъи барқрасонӣ масъулони Идораи барқ расман чизе шарҳ намедиҳанд.
Вале як манбаъ дар ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки тақсимоти барқи аксар шаҳру навоҳии Суғдро ҳамин идора зери назорат дорад, зимни суҳбат гуфт, ки бо кадом сабаб барқ қатъ карда мешавад.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2022
Даромади Тоҷикистон аз фурӯши барқ эълон шуд
“Дар фасли зимистон талабот ба истифодаи барқ зиёд, хусусан дар рӯзҳои сардӣ. Ин ҳолат эҳтимоли сабаби рух додани садама ва сӯхтор дар хатҳои барқиро ба вуҷуд меоварад, зеро на ҳамаи зеристгоҳҳо тавонии бештар дорад. Аз ин лиҳоз мо барои дам додани кори онҳо, тибқи реҷа муваққатан интиқоли барқро қатъ мекунем”, - қайд намуд, масъулини Идораи барқ.
Масъулони Идораи барқ мегуянд, ҳаҷми истифодаи шабонарӯзии барқ дар шаҳру навоҳии Суғд ҳоло беш аз 18 миллион кВт соат баробар аст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ то 150 ҳазор кВт соат зиёд будааст.
Қатъи интиқоли барқ дар Тоҷикистон аз нимаҳои моҳи сентябр шуруъ шуда буд. Он замон масъулони идораҳои тақсимоти барқ мегуфтанд, ки ин вазъ аз ҷараёни корҳои профилактикӣ вобаста буда, барои дар фасли сармо бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло сокинон мегуянд, фасли зимистон ҳам фаро расид, аммо мушкили қатъи барқ ҳамоно аз сар гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0