https://sputnik.tj/20221219/rohandozii-intiqoli-pul-bonki-rusi-eron-1053619427.html
Роҳандозии интиқоли пул тариқи бонки русӣ ба Эрон
Роҳандозии интиқоли пул тариқи бонки русӣ ба Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз бузургтарин ташкилоти қарзии Русия бонки “ВТБ” барномаи интиқоли пул ба Эронро аз рӯи суратҳисоби бонкӣ роҳандозӣ намудааст
2022-12-19T15:20+0500
2022-12-19T15:20+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар русия
эрон
ҳамкорӣ
интиқоли пул
суратҳисоб
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042630735_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_68acb279527a3a8788b5a6ae3f0e1258.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бонки ВТБ интиқоли пул ба Эронро бо истифода аз суратҳисоби бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оғоз кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ин ташкилоти қарзӣ, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА “Новости”."Мо аввалин бонке шудем, ки интиқоли пулҳои байнулмилалӣ ба Эронро роҳандоззӣ кардем ва бо таваҷҷуҳ ба таҳкими равобити тиҷоратӣ, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеъаи гардишгарӣ, интизор дорем, ки онҳо серталаб хоҳанд буд", - гуфт тариқи хадамоти матбуоти ВТБ ноиби раис, раҳбари департаменти кор бо сегменти оммавии ин бонк Денис Валвачев.Гуфта мешавад, ки роҳандозии интиқоли пул ба Эрон имкон медиҳад, тавассути суратҳисоби бонкӣ ба афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар тӯли як рӯз пул ирсол кард.Имрӯз муштариёни ВТБ метавонанд маблағҳои худро ба 10 кишвари ҳамсоя ва минтақаҳои Осиё интиқол диҳанд.Валвачёв афзуд, ки соли оянда бонки ВТБ рушди фаъоли ҳисоббаробаркуниҳои дигар бо кишварҳои дӯстро идома медиҳад ва нақша дорад, ки шумори онҳоро ду баробар афзоиш диҳад.
https://sputnik.tj/20221204/eron-az-shirkathoi-naftu-gazi-rusiya-davat-kardaast-ki-dar-sheroz-namoyandagiho-boz-kunand-1053266812.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042630735_27:0:2758:2048_1920x0_80_0_0_7e1f3f56bd2d46e9333ba9794c5a5148.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, интиқоли пул, бонк, роҳандозӣ, суратҳисоби бонкӣ
эрон, русия, интиқоли пул, бонк, роҳандозӣ, суратҳисоби бонкӣ
Роҳандозии интиқоли пул тариқи бонки русӣ ба Эрон
15:20 19.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Яке аз бузургтарин ташкилоти қарзии Русия бонки “ВТБ” барномаи интиқоли пул ба Эронро аз рӯи суратҳисоби бонкӣ роҳандозӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бонки ВТБ интиқоли пул ба Эронро бо истифода аз суратҳисоби бонкӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оғоз кардааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ин ташкилоти қарзӣ, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА “Новости”.
"Мо аввалин бонке шудем, ки интиқоли пулҳои байнулмилалӣ ба Эронро роҳандоззӣ кардем ва бо таваҷҷуҳ ба таҳкими равобити тиҷоратӣ, афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тавсеъаи гардишгарӣ, интизор дорем, ки онҳо серталаб хоҳанд буд", - гуфт тариқи хадамоти матбуоти ВТБ ноиби раис, раҳбари департаменти кор бо сегменти оммавии ин бонк Денис Валвачев.
Гуфта мешавад, ки роҳандозии интиқоли пул ба Эрон имкон медиҳад, тавассути суратҳисоби бонкӣ ба афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар тӯли як рӯз пул ирсол кард.
Имрӯз муштариёни ВТБ метавонанд маблағҳои худро ба 10 кишвари ҳамсоя ва минтақаҳои Осиё интиқол диҳанд.
Валвачёв афзуд, ки соли оянда бонки ВТБ рушди фаъоли ҳисоббаробаркуниҳои дигар бо кишварҳои дӯстро идома медиҳад ва нақша дорад, ки шумори онҳоро ду баробар афзоиш диҳад.