https://sputnik.tj/20221219/razmoish-naqsha-saad-barguzor-zas-1053622869.html
Танҳо як размоиши нақшавӣ дар СААД баргузор нашуд: Зас шарҳ дод чаро
Танҳо як размоиши нақшавӣ дар СААД баргузор нашуд: Зас шарҳ дод чаро
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зимни ҷамъбасти сол далели баргузор нашудани размоиш дар Қирғизистонро тавзеҳ дод
2022-12-19T17:20+0500
2022-12-19T17:20+0500
2022-12-19T17:20+0500
саад
станислав зас
амният ва мудофиа
амнияти марзҳо
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294514_0:0:3037:1708_1920x0_80_0_0_6920a9dd00b17dba4e2f32006d30b025.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Танҳо як размоиши нақшавӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли равон баргузор нашуд, ки он дар Қирғизистон дар назар буд. Ин нуктаро дабири кулли СААД, Станислав Зас зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти сол ва муайянсозии самту афзалиятҳо дар соли оянда баён дошт. Ӯ изҳор дошт, ки ин бо дархости Қирғизистон ин размоиш ба таъхир андохта шуд ва он дар оянда баргузор мегардад. Дар шарҳи далели таъхир дабири кулли СААД гуфт, дар пайи ҳодисаҳои маълум дар Қирғизистон шароити мусоид барои баргузории ин чорабинӣ фароҳам нашуда буд. Зас афзуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти созмон дар оянда ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ миёни кишварҳои узв мебошад. Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов, аз ҷумла сабаби лағви размоишҳои СААД аз ҷониби Бишкекро даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ кард. "Аммо, албатта, дар партави рӯйдодҳои ахир, ки хун ҳанӯз сард нашудааст, афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин машқҳо истиқбол намекунад", - гуфта буд ӯ.Ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, намешуд намояндагони Тоҷикистонро гӯянд, набиёеду дигарон биёянд.Вай таъкид намуд, ки дар тамоми пойтахтҳои кишварҳои узви СААД ин иқдомро дарк кардаанд.Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо ба таъхир андохта шуданд.
https://sputnik.tj/20221219/zas-afghoniston-khatar-tojikiston-video-1053621899.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294514_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_a27333586cd29434ded3c8aed16d5b84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зас, ҳал, мушкилот, кишвар, узв, саад, чаро
зас, ҳал, мушкилот, кишвар, узв, саад, чаро
Танҳо як размоиши нақшавӣ дар СААД баргузор нашуд: Зас шарҳ дод чаро
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ зимни ҷамъбасти сол далели баргузор нашудани размоиш дар Қирғизистонро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Танҳо як размоиши нақшавӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли равон баргузор нашуд, ки он дар Қирғизистон дар назар буд.
Ин нуктаро дабири кулли СААД, Станислав Зас зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба ҷамъбасти сол ва муайянсозии самту афзалиятҳо дар соли оянда баён дошт.
Ӯ изҳор дошт, ки ин бо дархости Қирғизистон ин размоиш ба таъхир андохта шуд ва он дар оянда баргузор мегардад.
Дар шарҳи далели таъхир дабири кулли СААД гуфт, дар пайи ҳодисаҳои маълум дар Қирғизистон шароити мусоид барои баргузории ин чорабинӣ фароҳам нашуда буд.
Зас афзуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти созмон дар оянда ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ миёни кишварҳои узв мебошад.
Муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов, аз ҷумла сабаби лағви размоишҳои СААД аз ҷониби Бишкекро даргириҳои ахири марзӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ кард.
"Аммо, албатта, дар партави рӯйдодҳои ахир, ки хун ҳанӯз сард нашудааст, афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ин машқҳо истиқбол намекунад", - гуфта буд ӯ.
Ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон гуфт, намешуд намояндагони Тоҷикистонро гӯянд, набиёеду дигарон биёянд.
Вай таъкид намуд, ки дар тамоми пойтахтҳои кишварҳои узви СААД ин иқдомро дарк кардаанд.
Ин тамринот таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2022" аз 10 то 14 октябр дар тамрингоҳи "Эделвейс" ба нақша гирифта шуда буданд, аммо ба таъхир андохта шуданд.