https://sputnik.tj/20221218/talosh-mohiparvaron-kulob-havzhoi-shusta-1053602157.html
Талоши моҳипарварони Кӯлоб барои барқарорсозии ҳавзҳои шӯстаю моҳиҳои рафта ба дарё
Талоши моҳипарварони Кӯлоб барои барқарорсозии ҳавзҳои шӯстаю моҳиҳои рафта ба дарё
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи фароҳам овардани шароити мусоид барои моҳипарварӣ ва додани имтиёзҳо ба кишоварзон дар Тоҷикистон майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ васеъ шудааст
2022-12-18T17:30+0500
2022-12-18T17:30+0500
2022-12-18T17:46+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
моҳӣ
тавлид
кӯлоб
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912938_0:20:3077:1751_1920x0_80_0_0_b91a64edaa723d340291ee8df0ba2d91.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Кӯлоб давоми 6 соли охир шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар ду баробар зиёд гардид, аммо офатҳои охир кори моҳидоронро халалдор кардаст. Дар ин бора "Ховар" аз қавли сардори хоҷагии моҳипарварии шаҳр, Рустам Нуралиев иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, хоҷагии моҳипарварии "Исмоил" дар Ҷамоати деҳоти "Зарбдор" яке аз хоҷагиҳои муваффақ дар ин самт ба шумор меравад, ки дучори зарари обхезӣ гардид. "Имсол низ бо тавсияи мутахассисони соҳа дар ин хоҷагӣ навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуданд ва аллакай беш аз як тонна маҳсулотро ба фурӯш баровардаанд", - изҳор дошт ӯ. Зикр шуд, ки дар натиҷаи боронҳои селу пай дар пай аввали моҳи ноябр сатҳи оби "Кӯлобдарё" баланд гардида, се ҳавзи моҳии хоҷагиро дар масоҳати қариб як гектар шуст, ки ин ба хоҷагӣ ҳисороти зиёд ворид намуд.Нуралиев гуфт, дар ин ҳавзҳои шуста, барои соли оянда 30 ҳазор моҳича парвариш меёфтанд, ки ба дарё рафтанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ то оғози моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2.3 ҳазор тон моҳӣ истеҳсол карда шудааст.Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сайди моҳӣ соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 457 тонна зиёд мебошад."ар ҷумҳурӣ 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2744 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад, афзуд Вазорат.
https://sputnik.tj/20221120/afzoishi-tedod-khoja-mohiparvar-tojikiston-1052952252.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912938_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1a623b40d5c02c7377265521cdc90337.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бурд, бохт, моҳипарварӣ, кӯлоб, тавлид, истеҳсол
бурд, бохт, моҳипарварӣ, кӯлоб, тавлид, истеҳсол
Талоши моҳипарварони Кӯлоб барои барқарорсозии ҳавзҳои шӯстаю моҳиҳои рафта ба дарё
17:30 18.12.2022 (Навсозишуда: 17:46 18.12.2022) Дар пайи фароҳам овардани шароити мусоид барои моҳипарварӣ ва додани имтиёзҳо ба кишоварзон дар Тоҷикистон майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ васеъ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Кӯлоб давоми 6 соли охир шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар ду баробар зиёд гардид, аммо офатҳои охир кори моҳидоронро халалдор кардаст. Дар ин бора "Ховар" аз қавли сардори хоҷагии моҳипарварии шаҳр, Рустам Нуралиев иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, хоҷагии моҳипарварии "Исмоил" дар Ҷамоати деҳоти "Зарбдор" яке аз хоҷагиҳои муваффақ дар ин самт ба шумор меравад, ки дучори зарари обхезӣ гардид.
"Имсол низ бо тавсияи мутахассисони соҳа дар ин хоҷагӣ навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуданд ва аллакай беш аз як тонна маҳсулотро ба фурӯш баровардаанд", - изҳор дошт ӯ.
Зикр шуд, ки дар натиҷаи боронҳои селу пай дар пай аввали моҳи ноябр сатҳи оби "Кӯлобдарё" баланд гардида, се ҳавзи моҳии хоҷагиро дар масоҳати қариб як гектар шуст, ки ин ба хоҷагӣ ҳисороти зиёд ворид намуд.
Нуралиев гуфт, дар ин ҳавзҳои шуста, барои соли оянда 30 ҳазор моҳича парвариш меёфтанд, ки ба дарё рафтанд.
"Ҳоло бо истифода аз техника ҳавзҳоро барқарор карда истодаанд ва мақсад доранд соли оянда бо дастрас намудани моҳичаҳо дар ҳамаи ҳавзҳо парвариши моҳиро ба роҳ монанд", - изҳор дошт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ то оғози моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон зиёда аз 2.3 ҳазор тон моҳӣ истеҳсол карда шудааст.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сайди моҳӣ соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, 457 тонна зиёд мебошад.
"ар ҷумҳурӣ 372 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар масоҳати 2744 гектар фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 гектар зиёд мебошад, афзуд Вазорат.